​Рӯзи Президент – иди миллии мо

Ин мавзӯе буд, ки перомуни он аз донишҷӯёни соли дуюми кафедраи грамматикаи забони арабӣ диктант гирифта шуд. Ин ташаббус низ дар доираи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин муносибат дар донишгоҳ силсилаи чорабиниҳои мухталиф ҷараён дорад, ба роҳ монда шуд.

Ҳадаф аз ташкили диктантро масъулини кафедра дар муайян намудани саводи хаттии донишҷӯён унвон карданд.

Мувофиқи натиҷа диктанти донишҷӯи соли дуюм Исмонова Сабрина беҳтарин эълон гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ