​Рӯзи Президент дар донишгоҳ: аз конференсияҳоиилмӣ то мизи мудаввару чорабиниҳои фарҳангӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун идома доранд. Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-раҳнамои мост” ва бо ташаббуси кафедраи алгебра ва геометрияи факултети математика дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон - кафили сулҳу ваҳдат» мизи мудаввар доир шуд.

Дар факултети филологияи рус конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида баИҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти унвони “Маллоҳи сафинаи мурод” дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон, ба ин муносибат дар факултети филологияи тољик, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ва кафедраи умумидонишгоҳии информатика таҳти унвони “Пешвои миллат – ифтихори миллати мост” чорабинии илмӣ-фарҳангӣ сурат гирифт.

Дар доираи ин ибтикорот таъкид шуд, ки дар таърихи миллатҳо дар ҳар давру замон шахсиятҳои таърихиву барҷастае вомехӯранд, ки дар марҳилаву вазъиятҳои барои мардум мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат ворид гардида, бо қаҳрамониву корнамоиҳои хеш давлатро аз вартаи ҳалоқат наҷот бахшида, сулҳу оромӣ ва рушду пешрафтро асос мегузоранд.

Гуфта шуд, ки барои миллати тоҷик чунин шахсият фарзанди фарзонаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

“Бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо ба як кишвари биҳишстосо мубаддал гардид”- зикр шуд дар доираи чорабиниҳо.

Намоиши навор доир ба хидмати мондагори Пешвои муаззами миллат, ироаи маърӯзаҳои пурмуҳтаво, саҳнаҳои ҷолибу диданӣ ва тарбиявӣ ба ин чорабиниҳо мазмуни бештар бахшиданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ