​Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух - Меҳргон

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ таҳти унвони “Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух - Меҳргон” чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи тарбияи раёсати донишгоҳ Маҳмудзода Бахтиёр Маҳмуд, садорат ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси психология бо ҳисси ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллии ниёгон дар сатҳибаланд баромад намуданд.

Гуфта шуд, ки Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои фасли тирамоҳ аст, ки дар байни қавмҳои форсизабон расм шудааст. Он баробари инкишофи кишоварзӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ ба миён омадааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки дар рӯзи эътидоли тирамоҳ оғоз меёбад. Эътидоли тирамоҳ маънои баробаршавии шабу рӯз дар оғози фасли тирамоҳро дорад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод номида, таъкид доштаанд, ки гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст” – гуфта шуд дар доираи чорабинӣ.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ