​Рӯзи Конфутсий дар факултети забонҳои шарқ

Дар факултети забонҳои шарқ ба муносибати Рӯзи Конфутсий ҷамъомад сурат гирифт. Ин иқдомро кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ ба роҳ монданд.

Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби омӯзгори забони чинӣ Янг Десия навиштани каллиграфия омӯзонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ин ибтикор донишҷӯёни соли якуми ихтисоси ҷадиди арабӣ-хитойӣ (тадрис) ҷалб шуданд.

Дар маросими кушодашавии ҷамъомад декани факултети забонҳои шарқ дотсент Раҳимов Ислом ва мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо иштирок намуда, ба донишҷӯён дар бораи асосгузори фарҳангу фалсафаи Чин, донишманди барҷаста Конфутсий (孔子) маълумот доданд.

Гуфта шуд, ки каллиграфия як намуди санъати хаттотии чинӣ ба ҳисоб меравад. Барои навиштани он варақаву мӯқалами махсуси каллиграфӣ истифода бурда мешавад.

Аз ҷониби омӯзгори забони чинӣ Янг Десия тарзи навиштани як қатор иероглиф нишон дода шуд.

Ҳадаф аз ин ташаббус огоҳ намудани донишҷӯён бо тарзи навишт ва истифодаи иероглифҳо унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ