Рӯзи қабули шаҳрвандон: муроҷиатҳо баррасӣ шуданд
Ин навбат низ рӯзи шанбе чун анъана аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар доираи рӯзи қабули шаҳрвандон як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ин ташаббус ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” роҳандозӣ гардида, дар доираи он ба мушкилоти муроҷиаткунандагон расидагӣ шуд.
Шаҳрвандон ба ректори донишгоҳ бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла тамдиди муҳлати шартномаи меҳнатӣ, озод ва ё кам намудани маблағи таҳсил, тамдиди муддати истиқомат дар хобгоҳ, интиқол ёфтан аз гурӯҳи шартномавӣ ба гурӯҳи буҷавӣ, пардохти маблағи таҳсил ва ғайра муроҷиат намуданд.
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳар як муроҷиатро баррасӣ намуда, ҷиҳати мусоидат ба дастгирӣ ва ҳалли он масъулини сохторҳои донишгоҳро баҳри таъмини иҷроиши супоришҳо муваззаф намуд.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида рӯзи қабули ректори донишгоҳ барои омӯзгорон ҳар ҳафта рӯзи сешанбе аз соати 1400то 1600 ва барои донишҷӯён рӯзи шанбе аз соати 0900 то 1100 муқаррар шудааст, ки мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил