​Рӯзи дониш: Ифтитоҳи лабораторияи муосири тиббӣ

Дар доираи таҷлил аз Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров лабораторияи муосири тиббӣ ифтитоҳ гардид. Маросими ифтитоҳи он бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ба Раиси вилоят иттилоъ дод, ки лабораторияи мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳсуб ёфта, ҷиҳати таъмини шароити мусоид дар самти татбиқи амалии донишҳои назарии донишҷӯён равона шудааст.

Гуфта шуд, ки лабораторияи мазкур дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Тибби муосир” дар назди кафедраи электроникаи факултети физикаю техника таъсис дода шуда, фаъолияти он ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони лаёқатманди муҳандисӣ-техникӣ муосидат мекунад.

Лаборатория бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, дар доираи фаъолияти он донишҷӯён корҳои таъмир, васл ва фаъол намудани таҷҳизотҳои муосири тиббиро меомӯзанд.

Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода масъулинро муваззаф намуд, ки фаъолияти самаранок ва сифатноки лабораторияро таъмин намуда, баҳри тайёр намудани кадрҳои лаёқатманди соҳа аз тамоми имконият истифода баранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ