​Рӯзи дарҳои кушод: намояндагони раёсати донишгоҳ бо китобҳои тозанашр шинос шуданд

Имрӯз, санаи 28 январи соли 2021 ҳайати кормандони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи рӯзи дарҳои кушод аз Китобхонаи илмии донишгоҳ дидан намуда, бо номгӯи китобҳои тозанашр шинос гардиданд.

Ин ташаббус аз ҷониби садорати китобхона роҳандозӣ шуда, бо дастури ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода муовинони ректор, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳо ва мутахассисони раёсати донишгоҳ ба китобхона ташриф оварданд.

Ҳадаф аз ин иқдом ҷалби ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷиҳати аъзошавӣ ба Китобхонаи илмии донишгоҳ, тарғиби маърифати китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи китобдӯстӣ унвон мешавад.

Абдуфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба корҳои таълим аз номи роҳбарияти донишгоҳ ба садорати китобхона ҷиҳати ибтикороти судманд изҳори сипос намуда, дар таҳкими фаъолият барор орзу намуд.

Таъкид шуд, ки Китобхонаи илмии донишгоҳ рӯз то рӯз обод гардида, ҳамқадами замон аст ва ҷиҳати ғанӣ гардонидани махзани он пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҳамзамон, аз ҷониби масъулини раёсати донишгоҳ як қатор китобҳои ҷолиби тозанашр дастрас гардида, тибқи қоида дар дафтарчаи аъзогӣ қайд ва ба муҳлати ду ҳафта супорида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки дар Китобхонаи илмии донишгоҳ рӯзи дарҳои кушод аз санаи 13 – уми январ шуруъ гардида, то имрӯз дар доираи он ҳайати кормандони тамоми факултет ва сохторҳои донишгоҳ бо навбат иштирок намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ