​Рӯзи дарҳои кушод: муаррифии дастовардҳои Донишгоҳ ба довталабон

Имрӯз бо мақсади ҷалби хатмкунандагон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рӯзи дарҳои кушод баргузор гашт, ки дар он 18 факултет дастовардҳо ва 99 ихтисоси мавҷударо ба довталабони соли таҳсили 2023-2024 муаррифӣ ва таблиғу ташвиқ намуданд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар заминаи татбиқи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бо шаклҳои наву замонавии системаи муосири таълим, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидаанд, ба роҳ мондааст. Дар донишгоҳ ҷиҳати омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизотҳои ҳозиразамон ва ба ин восита, баҳри самаранок ба роҳ мондани сифати таълим тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидааст.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳ то имрӯз кадрҳои лаёқатманду ташаббускореро тарбият додааст, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар вазифаҳои роҳбарикунандаву ифтихорӣ ифои вазифа намуда, дар самти таъмини пешрафти ҷомеа саҳми муассиру мондагор гузоштаанд. Парвардагони Донишгоҳ аз академик то муовини вазиру ходимони маъруфи ҳизбию давлатӣ ва шоирону нависандагони номӣ дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногун хидмати шоиста анҷом дода меоянд.

Ба хатмкунандагон иттилоъ дода шуд, ки феълан Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ буда, фаъолияти он дар 18 факултет ва 82 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 99 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.

Дар донишгоҳ 51,7%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 24511 нафар ва тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда 800 нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи онҳо дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ таҳсил менамоянд.

Донишгоҳ дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ бо беш аз 109 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамкории судманд дорад. Давоми соли 2022 дар 78 муассисаи таълимӣ 7645 нафар муҳассилин сафарбар шуданд.

Таъсиси гуруҳҳои русиву англисӣ ва ӯзбекӣ бо назардошти фаъолияти ихтисосҳои нав дар донишгоҳ рӯз то рӯз вусъат пайдо кард. Теъдоди гуруҳҳои таълимашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар факултетҳои донишгоҳ 36 ададро ташкил медиҳад.

Сипас, хатмкунандагону устодони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят аз лаборатория, осорхона, синфхонаҳои таълимӣ, гербарий ва маркази тестӣ боздид намуда, бо вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту иқтидори донишгоҳ шинос гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ