​Рӯзи байналмилалии равоншиносон

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии равоншиносон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ ҷамъомад доир гардид.

Декани факултет дотсент Шарифиён Муқаддас дар бораи аҳамият ва зарурияти касби психиолог, омӯзиши ҷанбаҳои илмӣ ва амалии он, таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кардҳои соҳибтахассус дар соҳаи психология ибрози назар намуд.

Мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ дотсент Зайтметов Ҳусейн устодону донишҷӯёнро боРӯзи байналмилалии равоншиносон табрик намуда, оид ба ташаккули касбияти равоншиносони оянда дар замони муосир сухан ронд.

Дар идомаи xорабинии мазкур аз ҷониби донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси психология тренинги психологӣ дар мавзӯи “Муносибат аз нигоҳи психология” ташкил ва баргузор шуд.

Ҳамзамон, китобҳои тозанашри психологӣ ба намоиш гузошта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ