​Рушди варзиши сабук дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

Таҳти чунин унвон таҷрибаомӯзони курси чоруми факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бахшида Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди варзиши сабук ташкил ва баргузор намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа хонадагони синфҳои 6-ум ва 7-уми гимназия ширкат намуда, аз рӯи намуди давидан ба масофаи 60 метр, давидан ба масофаи 60 метр бо менеа, ҷаҳидан ба баландӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ рақобат науданд.

Зимни мусобиқаи варизишӣ хонандагон бо роҳбарии таҷрибаомӯзон аз рўйи шартҳои пешниҳодшуда, маҳорати варизишии хешро дар амал нишон доданд. Гуфта шуд, ки дар мусобиқа зиёда аз 50 нафар муҳассилин ширкат варзиданд.

Дар иҷрои ҳар амал барои шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқа доварон ба иштирокчиён баҳогузорӣ намуда, ба маҳорату истеъдодии варизишии муҳассилин баҳои баланд доданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ маънидод гардид.

Иштирокчиёни беҳтарин ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ