​Рушди санъати Шашмақом

Дар факултети санъат ҳафтаи илм ифтитоҳ ёфт. Декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Гулчеҳра ҳафтаи илмро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо нақшаи чорабиниҳо шинос намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиқӣ ба номи профессор Ҳакимов Наим таҳти унвони “Рушди санъати Шашмақом” семинар доир гардид.

Дар доираи семинари мазкур аз ҷониби устодони кафедра як қатор маърӯзаҳо шунида шуд.

Дотсенти кафедра Аминҷонов Раҳимҷон перомуни «Саҳми бонувон дар рушди санъати Шашмақом» баромад намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиёни семинар масъалаи саҳми бонувон дар ташаккули санъати миллии Шашмақом мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки то асри ХХ иштироки занон дар санъати мақомсароӣ ба мушоҳида нарасида, пас аз Инқилоби Октябр баъди таъсиси ансамбли ҳамсароёни назди радиои Тоҷикистон дар ҳайати сарояндагон ва мутрибони созҳои халқӣ бонувони ҳунарманд ба фаъолият шуруъ намуданд. Барно Исҳоқова (Ҳунарпешаи халқии Тољикистон), Фариза Сайдуллоева, Тўҳфа Фозилова (Ҳунарпешаи халқии ИҶШС), Ҳанифа Мавлонова (Ҳунарпешаи халқии ИҶШС), Шоиста Муллоҷонова (Ҳунарпешаи халқии Тољикистон), Рена Ғолибова (Ҳунарпешаи халқии Тољикистон) дар рушди санъати мусиқии миллии тоҷик, аз ҷумла Шашмақом саҳми худро гузоштаанд.

Гуфта шуд, ки Меҳрӣ Исҳоқбоева, Нуқра Раҳматова, Тўхта Иброҳимова, Нигина Рауфова, Мастона Эргашева идомадиҳандагони анъанаи устод-шогирдӣ буда, хизмати эшон дар инкишофи мусиқии классикии Шашмақом назаррас аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ