​Рушди илм ва маорифи мамлакат дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус семинари илмӣ – омўзишӣ бо ташаббуси директориинститути илмӣ – тадқиқотииилмҳои педагогӣ профессор Шавқат Шаропов баргузор гардид.

Дар оғозпрофессор Шавқат Шароповоид ба нуктаҳои Паёми Пешвоимиллат ба МаҷлисиОлӣтаҳти унвони «Рушди илм ва маорифи мамлакат дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат» маърӯза намуда, қайд дошт, ки Пешвои миллат ҳануз аз оғози давлатдорӣ соҳаимаорифро дар маддиаввал гузошта,бо истифода азтамомишароиту имконият барои рушду инкишофисоҳаи мазкур ҳамеша талош меварзанд. Бунёди муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои таълимии умумӣ, таҷҳизонидан бо воситаҳои бехтарини техникӣ, дастгириву пешниҳоди имтиёз барои омўзгорону олимони ҷавон ва ғайра исботи фикрҳои болост, - гуфт Шавқат Шаропов.

Гуфҷта шуд, ки дар зарфи 30 соли соҳибистиқлоли сохта ва ба истифода дода шудани 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда, расидани шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар, ба истифодасупоридани 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ далели рӯшан ва раднашавандаи ғамхориҳои Пешвои миллат ба соҳаи маориф мебошад.

Дар идома аз омўзгорони ҷавондаъват ба амал оварда шуд, кибо истифодааззахираҳои зеҳнии донишгоҳ бештарбо худомўзӣмашғул шуда, барои баланд бардоштани сатҳи касбӣва пеш бурдани корҳои илмӣ – тадқиқотӣҳамарўзасаъй намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ