​Рӯнамоии тарҷумаи китобҳои Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон: Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тарҷумаи китобҳои сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон: Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” рӯнамоӣ шуд. Ба ин муносибат дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки олимону донишмандон ва муҳаққиқону устодони ҷумҳурӣ чорабинӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода аз пайроҳаи зиндагӣ ва хидматҳои профессор Абдусалом Мамадназаров таъкид намуда, зикр кард, ки донишманди фозил, дорандаи мукофотҳои давлатии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ордени хизмати шоиста, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусалом Мамадназаров умри пурбаракати хешро дар роҳи таҳқиқу пажӯҳиши масоили луғатнигории таърихӣ, бозёфту таҳқиқ ва баррасии луғатҳои дузабонаи фаромӯшшуда ва таълиму тарбияи шогирдони зиёд сарф кардааст.

Таъкид гардид, ки “Луғатнигор ва тарҷумони тоҷик, профессор Абдусалом Мамадназаров муаллифи зиёда аз 160 мақола, китобу рисола, монографияҳою дастурҳои таълимӣ, луғатномаҳою фарҳангҳои англисӣ-тоҷикӣ мебошад. Асару мақолаҳои профессор Абдусалом Мамадназаров дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, аз ҷумла дар шаҳрҳои Москва, Вена, Лондон, Медисони ИМА ва Оксфорди Британияи Кабир ва шаҳрҳои дигар чоп шудааст. Устод Абдусалом Мамадназаров дар соҳаи фарҳангнигории тарҷумавии амалии тоҷик низ ҳиссагузорӣ кардааст. Фарҳанги англисӣ-тоҷикии Устод фарҳанги бисёр мукаммал ва бузурги англисию тоҷикӣ мебошад, ки беш аз сад ҳазор калима, садҳо ҳазор муродиф ва ҳазорҳо мисолу масъаларо фаро мегирад, ки аз кӯшишу заҳмати ин олими фарҳангнавис рӯи кор омадааст” – афзуд профессор Аюб Усмонзода.

Иттилоъ дода шуд, ки чанде пеш нашриёти бонуфузи осори илмӣ-таърихӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосири дар Лондон ва Ню- Йорк будаи «Роутлиҷ» («Routledge», London and New York) шоҳкориҳои Садриддин Айниро бо номи «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (Tajikistan’s National Epics. Muqanna’s Rebbellion, and The Tajik People’s Hero Temukmalik, 2024) ба забони англисӣ ба унвони як монографияи илмӣ бо сифати баланд аз чоп баровард, ки рӯйдоди фарҳангии бузург барои миллати тоҷик маҳсуб ёфта, тарҷумаи мазкур ба қалами доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мамадназаров тааллуқ дорад.

Муаллифи тарҷумаи китоб - профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мамадназаров дар мавзуи “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон: Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир баромад намуда, доир ба муҳтаво ва мундариҷаи китоб ибрози назар намуд.

Дар идома пешгуфтори муҳаррири китоб аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико профессор Ҷонатон Зартман тариқи видеоӣ шунида шуд.

Профессори кафедраи забони тоҷикии филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳасанзода Абдуҷамол дар мавзуи “Хизмати шоистаи профессор Абдусалом Мамадназаров дар тарҷумаи осори мондагори Садриддин Айнӣ”, доктори илмҳои филологӣ, профессори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шодимуҳаммад Суфизода оид ба “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон-падидаи нодир дар фарҳанги башар”, профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик Абдуқодиров Абдусаттор таҳти унвони “Муаррифии каломи Устод Айнӣ ба ҷаҳониён” ва профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шокириён Туғрал Сироҷзода перомуни “Саҳми профессор Абдусалом Мамадназаров дар тарғиби адибони тоҷик дар мисоли осори Садриддин Айнӣ” маърӯзаҳо намуданд.

Зикр гардид, ки тарҷума ва интишор шудани ин осори безаволи устод Садриддин Айнӣ ба забони англисӣ дар Амрико ва Британияи Кабир таъриху фарҳанг ва маданияти ҳазорсолаи мо, тоҷиконро бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ