​Рукни муҳими давлатдорӣ

Дар идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ садорати факултети иқтисодӣ низ иқдом намуда, ба ин муносибат ҷамъомади фарҳангӣ-адабиеро ба роҳ монданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ташаббус дар якҷоягӣ бо кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ роҳандозӣ гардида, дар он донишҷӯёни курси якум фаъолона иштирок ва баромад намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар доираи он дар васфи забони тоҷикӣ маърӯза, шеър ва гуфтор шунида шуд.

Ҳамзамон, дар бораи гиромидошт ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ саҳнаи тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ