Рӯйдоди тақдирсози миллат
Дар факултети физика ва техника бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, психолоияи умумӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид.
Чорабиниро мудири кафедраи фалсафа дотсент Ҳасанова Зебинисо ифтитоҳ бахшида, дар мавзуи “Президент- рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ” маърӯзаи илмӣ намуд.
Таъкид гардид, ки шуруъ аз соли 2016 рӯзи 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.
“16 ноябр ҳамчун рӯзи такдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, эҳёи давлатдории миллӣ, марҳилаи муҳими давлатии шуруъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия аст. Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд”- зикр шуд зимни маърӯза.
Дар идома муаллимаи кафедраи фалсафа Ҷабборова Вазира дар мавзуи “Аҳамияти таърихӣ ва тақдирсози Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи халқи тоҷик” маърӯза намуда, зикр дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат, эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягонаи Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ, сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Бо шарофати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик аркони давлатдориро дар мамлакат барқарор намуда, пояҳои соҳибистиқлолии давлатиро қавӣ гардонид.
Декани факултет дотсент Қаюмзода соханронӣ намуда, аз хидмати мондагори Роҳбари олии давлат таъкид дошт.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён шеърҳо қироат гардида, аз тарафи донишҷӯи курси 5-уми факултет Каримов Илҳом дар васфи Пешвои миллат суруд иҷро гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил