​Рӯйдоди сарнавиштсози миллат

Ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми факултетҳои донишгоҳ силсилаи ташаббусҳо ба роҳ монда шуд.

Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом бо ташаббуси Шӯрои занон ва духтарони факултети таърих ва ҳуқуқ чорабинии маърифатию фарҳангӣ, дар факултети биология ва химия чорабинии илми – адабӣ, дар факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси кафедраи адабиёти классикии тоҷик соати тарбиявии кушод дармавзӯи «Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров – оинаи таърих», дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ соати тарбиявии намунавӣ таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз-поягузори давлати тоҷикон”, дар факултети тањсилоти ибтидої ва педагогикаи махсус маҳфили илмии “Китобдӯст”, дар хобгоҳи №3 чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Маҳзану имлу ирфон” баргузор шуданд.

Дар доираи ин чорабиниҳо аҳамият ва зарурияти баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа шуданд.

Дар маҷмуъ, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ