Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй

Бо ташабуси кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ дар толори Арт-галереяи "Монӣ"-и факултети санъати тасвирӣ ва технология чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо қироати достон, рубоӣ, қасида, байт ва ғазалҳо аз ашъори шоири қофиласаро, сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз гардид. Инчунин доир ба зиндагиномаи шоир ва лаҳзаҳои эҷодии ӯ дар дарбори салтанати Сомониён саҳнаҳои тарбияӣ - ахлоқӣ намоиш дода шуд.

Зимни баромади хеш донишҷӯён қайд намуданд, ки таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро форсӣ, Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.

Ҳамзамон, аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳи 101-А саҳначаҳои бадеӣ аз ҳаёти устод Рӯдакӣ пешкаши иштирокчиёни ҳозирин гардонида шуд, ки ба ҳамагон хеле писанд омад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ