​Рўдакӣ – қофиласолори назми тоҷик

Дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ таҳти ҳамин ном дар факултети филологияи тоҷик конфронси илмӣ-адабӣ доир шуд. Декани факултет дотсент Тиллохоҷаева Муҳаббат аҳли нишастро ба муосибати Рўзи Рўдакӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки ашъори ҷовидони Рўдакӣ аз замони зиндагияш то имрўз вирди забонҳост. Аз ин рў, месазад, ки мо низ меросбарони асили шеъри Рўдакӣ аз ашъори ў истифода бурда, ҷаҳони маънавии худро бою рангин созем.

Муовини декан оид ба илм ва инноватсия дотсент Азизов Сорбон иштирокчиёнро ба барномаи конфронс ошно намуда, дар мавриди ҳадафи иқдоми мазкур сухан намуд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуров Нуралӣ Норович таҳти унвони “Устод Рўдакӣ - ифтихори истиқлоли миллии тоҷикон” маърӯзаи илмӣ намуда, ҷойгоҳи устод Рўдакиро дар таҳкиму густариши забони тоҷикӣ таъкид намуд. Қайд гардид, ки Устод Рўдакӣ, воқеан рамзи Истиқлоли миллии тоҷикон дар дарозои таърих ва имрўз мебошад.

Маърӯзаи дигар аз ҷониби дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Мирзоев Садриддин Холович таҳти унвони “Ниҳоди фикрӣ ва ҳунари бадеии устод Рўдакӣ” ироа гардид. Номбурда дар маърўзаи хеш қайд намуд, ки бунёдҳои фикрии устод Рўдакӣ бар маънавият устувор буда, таъсири андеша ва сабки Рўдакӣ ба шоирони баъдии адабиёти классикии тоҷик зиёд аст. Бузургтарин намояндагони адабиёти мо аз Рўдакӣ таъсир пазируфтаанд.

Дар идома мавзўи “Мақом ва паёми устод Рўдакӣ” зимни баромади дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Ҳоҷиев Абдуфаттоҳ баррасӣ гардид.

Ҳамзамон, дар конфронси илмӣ-адабӣ донишҷўёни курси сеюм аз ашъори Рўдакӣ қироат намуданд.

Ба иштирокчиёни конфронс туҳфаҳои хотиравии Китобхонаи илмии донишгоҳро ба маърўзачиён ва донишҷўён ҳадя намуд.

Маркази иттилот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ