​Роҳу усулҳои мубориза бо вируси норасоии масунияти одам

Оид ба ин мавзуъ дар факултети математика хониши сиёсӣ доир шуд. Ин чорабинӣ ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО бахшида шуд.

Муаллими калони кафедраи алгебра ва геометрия Миршоев Абдушафи оид ба роҳу усулҳои пешгирии бемории мазкур маълумот дода, қайд намуд, ки беш аз 50% аз шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ҷавонони аз синнӣ 14 то 20 сола мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ВИЧ-СПИД ба воситаи нафаскашӣ, сулфидан;, ба оғӯш гирифтан, ҳангоми неш задании ҳашарот ё газидан, ҳангоми бо гирифтори ВИЧ-СПИД вохурӣ кардан сироят намеёбад.

Гуфта шуд, ки ҳангоми хунгузаронӣ бо воситаи хуне, ки дар таркибаш вируси СПИД вуҷуд дорад, истифодаи сӯзандоруҳои тамиз нашуда, аз модари дорандаи ин вирус ба кӯдаки навзод имконияти сироятёбӣ вуҷуд дорад.

Ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани дониши тиббии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ