​Роҳҳои пешгирӣ аз бемории ВНМО

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳаёти солим дар байни донишҷӯён бо иқдоми устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар хобгоҳи №3 чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Оилаи солим – ҷомеаи солим” бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии ВНМО – вируси норасоии масунияти одам” баргузор карда шуд.

Чорабиниро устоди кафедра Ш. Файзиева ифтитоҳ намуда, дар мавзуи“Таърихи пайдоиши ВНМО – бемории норасоии масунияти одам ва роҳҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ”маърӯза ироа намуд.

Дар идома донишҷӯи курси 1 – уми ихтисоси “агроэкология” Р.Мамадова дар мавзуи “Ҷавонон ҷомеаи солимро хоҳонанд” баромад карда, перомуни роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории ВНМО маълумот дод.

Ҳамзамон видеороликҳо ва саҳначаҳои тарбиявӣ вобаста ба мавзуи матраҳшуда дар самти пешгирии бемории мазкур ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳадафи баргузории чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон ва роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ унвон шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ