​Роҳҳои дурусти навишти рисолаи хатм

Дар факултетети забонҳои шарқ барои хатмкунандагони ихтисосҳои форсӣ –англисӣ ва хитойӣ – англисӣ семинари илмӣ – омӯзишӣ доир гардид.

Семинари мавзур дар мавзуи “Роҳҳои дурусти навишти рисолаи хатм” гузаронида шуд.

Гулорохон Тураева, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ семинарро ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ин ташаббусро баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён оид ба таҳияи рисолаи хатм ва таҳкими маҳорати илмии онҳо унвон намуд.

Дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Раҳимов Ислом ба донишҷӯён доир ба қоидаҳои навишти рисолаи хатм маълумот дод.

Талаботҳои муҳим зимни таҳияи рисолаи хатм, истифодаи адабиёт, намудҳои иқтибос, меъёр ва ҳаҷми рисолаи хатм дар доираи семинар мавриди шарҳ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, перомуни мавзуи семинар аз ҷониби дотсенти кафедра Оқилова Муътабар маърӯза шунида шуд.

Декани факултети забонҳои шарқ дотсент Эҳсонзода Малоҳатхон семинарро ҷамъбаст намуда, аз донишҷӯён даъват намуд, ки ба масъалаи таҳияи рисолаи хатм ҷиддӣ муносибат намуда, дар муҳлати муайян ва сифатнок анҷом диҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ