​Робитаҳои байналмилалӣ: Ҳамкориҳо вусъат меёбанд

Бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва минтақавии байни доираҳои тиҷоратии вилояти Челябинск ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 27-29 октябри соли ҷорӣ ҳайати иборат аз 8 ширкату, корхонаҳо ва соҳибкорон аз вилояти Челябинск ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Ташкилкунандагони ин чорабинӣ, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дастгирии содироти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии вилояти Челябинск мебошанд.

Тибқи барномаи сафар, рӯзи 27 октябр дар Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе музокироти дуҷониба миёни соҳибкорону мутахассисони ду кишвар баргузор шуд, ки дар он беш аз 50 ширкату муассисаҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҳамчун намояндаи донишгоҳ бо фаъолияти ширкати вилояти Челябинск ҶДММ АЭС “Учтех-профи” – истеҳсоли таҷҳизоти таълимӣ ва лабораторӣ ошно шуда масъалаҳои дурнамои ҳамкорӣ гуфтушуниди судбахш ба амал овард.


Дар зим Мирсаминова Г. М. - мудири шӯъба робитаҳои байналмилалии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон ва Рустам Ғаниев - директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи И. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе вохӯрда ҷиҳати тақвият бахшидани робитаҳои ҳамкорӣ суҳбат оростанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ