​Риояи сарулибоси тавсиявӣ мароми мост

Таҳти чунин унвон дар толори факултети санъат бо иштироки декани факултет номзади илмҳои филолгӣ, дотсент Гулчеҳра Шарипова муовинони декан, кураторони гурўҳҳои академӣ ва донишҷўён семинари машваратӣ баргузор гардид.

Нахуст, декани факултет Гулчеҳра Шарипова ба сухан баромада риояи сарулибоси тавсиявиро дар муассиаи олӣ ҳатмӣ арзёбӣ намуд. Иҷроиши “Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ”-ро ҳатмӣ шуморид.

Муовини декан оид ба тарбия Муҳаммадшафақ Юсуфӣ роҷеъ ба тарҳи намунавии либосҳои расмии донишҷӯён оид ба ҳар як фасли сол барои устодон, духтарон ва писарон маълумот дод. Мавсуф афзуд, ки сару либоси намунавии донишҷӯӣ дар симои ҳар як донишҷӯ ҳисси зебопарастӣ, озодагиро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва бо интизом бошанд.

Донишҷӯёни донишгоҳи мо яке аз донишгоҳҳое мебошад, ки номи табибро дар бар мегирад ва пӯшидани чунин либосҳои тавсия шуда, ба номи ҳар як донишҷӯ муносиб ва хос мебошад.

Дар интиҳои семинари машваратӣ ба устодон ва донишҷўён варақаҳои чопӣ бо расм ва навиштаҳои Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи «Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” тақсим карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ