Риояи сарулибоси тавсиявӣ ба донишҷӯён фаҳмонида шуд

Дар толори факултети геоэкология ва туризм бо ҷалби донишҷӯёни факултет семинари омӯзишӣ-машваратӣ оид ба “Риояи сарулибоси намунавӣ –тавсиявӣ” баргузор гардид.

Ҳадаф аз ин ташаббус огоҳ намудани донишҷӯён бо дастурамали либоси тавсиявӣ ва ба ин васила таъмини риояи сарулибоси тавсиявӣ маҳсуб меёбад.

Масъулин дар доираи ин иқдом ба донишҷӯён доир ба фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, тартиботи дохилии донишгоҳ, аҳамияти сарулибоси тавсиявӣ ва риояи қоидаҳои ҷорӣ таъкид намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ