​Риояи дастуруламали либосҳои тавсиявӣ ба донишҷӯён

Бо ташаббуси Муҳаммадшафақ Юсуфӣ - мураббии хобгоҳ дар хобгоҳи писаронаи донишгоҳ вохӯрӣ бо истиқоматкунандагон доир гардид.

Ҳадафи вохӯрии мазкур шинос намудани донишҷӯён бо низомнома ва қарору фармонҳои амалкунанда дар соҳаи маориф, хосатан «Дастуруламали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа ва монанди инҳо маҳсуб ёфта, дар ҷараёни баргузории вохӯрӣ мазмуну муҳтавои он ба самъи иштиркдорон расонида шуда, риояи онҳо аз ҷониби донишҷӯён бори дигар ёдрас гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ