​Ректори нави донишгоҳ муаррифӣ шуд

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ маросими муаррифии ректори тозатаъини донишгоҳ Усмонзода Аюб Ислом сурат гирифт.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ректори навтаъини донишгоҳро ба муносибати сазовор гардидан ба эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфта, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъин намудани ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба самъи иштирокчиён ироа намуд.

Номбурда зимни суханронӣ дар бораи нақши муассисаҳои олии касбӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат сухан намуда, саҳми омӯзгоронро дар ин самт муассиру калидӣ унвон намуд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун маркази бонуфузи илмӣ-таълимӣ давоми 90 соли фаъолият кадрҳои арзандаву мутахассисони ҳирфавиро тарбия намудааст, ки дар рушди соҳаи маориф ва илми мамлакат хидмати шоиста сомон додааст.

Зикр гардид, ки ректори тозатаъини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Усмонзода Аюб Ислом низ парвардаи ин боргоҳ буда, дар ҳамин мактаби олии илму маърифат тарбия ёфтааст.

Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба сифати таълиму таҳсилот аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, баҳри таъмини пешрафти донишҷӯён ва тарбияи кадрҳои арзанда беш аз пеш талош намоянд.

Дар идома муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро бо ректори тозатаъин табрик гуфта, дар иҷрои вазифаи тозаи пурмасъул ба профессор Усмонзода Аюб барору тавфиқ орзу намуд.

Татбиқи ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ - саноатикунонии босуръат, ҷалби ҷавонон ба ин раванд, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар самти рушди соҳаи саноат, рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тайёр намудани кадрҳои илмҳои техникӣ аз мавзуъҳои асосие буданд, ки перомуни он муовини Раиси вилояти Суғд ибрози назар намуда, ба ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷиҳати расидан ба дастовардҳо дар ин самт дастуру супоришҳои Роҳбари олии кишвар ва Раиси вилояти Суғдро расонид.

Ҳамзамон, чанде аз ҳайати профессорону собиқадорони донишгоҳ ба сухан баромада, интихоби профессор Усмонзода Аюбро ба вазифаи ректори донишгоҳ шоистаи дастгирӣ унвон карданд.

Изҳори умед шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ бо тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд ба рушди Тоҷикистон саҳми бориз гузошта, баҳри таъмини рушди соҳаи илму маориф нақши арзанда мегузорад.

Дар фарҷом профессор Усмонзода Аюб ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боварӣ ба ин вазифаи пурмасъул изҳори миннатдорӣ намуда, ин вазифаро барои худ на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бузург унвон намуд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ