Ректори донишгоҳ аз Китобхонаи илмӣ дидан намуд
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба Китобхонаи илмии донишгоҳ ташриф овард. Сарвари донишгоҳро муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ҳамроҳӣ намуда, зимнан аз шароиту имкониятҳо ва толору шуъбаҳои китобхона дидан намуданд.
Ба роҳбари донишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки дар фонди умумии Китобхонаи илмии донишгоҳ 249544 адад китоб мавҷуд буда, аз ин шумора 83548 адабиёти илмӣ, 125082 адабиёти таълимӣ, 8626 адад адабиёти оммавӣ-сиёсӣ ва 32288 ададро адабиёти бадеӣ ташкил медиҳанд. Дар баробари ин 385 рисолаи илмии устодони донишгоҳ ва 1824 фишурдаи рисолаи илмӣ нигаҳдорӣ кардамешавад.
Профессор Усмонзода Аюб аз фаъолияти обуначиён ва хонадагони китобхона, ки тариқи электронӣ сабти ном гардиданд огаҳӣ пайдо намуда, ба роҳбарияти китобхона дастур дод, ки хонандагони беҳтарин номнавис шуда, ба раёсати донишгоҳ пешниҳод ва бо туҳфаҳои моддӣ ва ифтихорномаву сипоснома қард карда шаванд.
Ҳамчунин, дотсент Дилбар Самадова – директори китобхона иттилоъ дод, ки барои дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП-43, аз 11-уми феврали соли 2021 «Дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар китобхона толори алоҳида барои нигаҳдории китобҳои тавсиявӣ ва ҷои нишаст барои мутолиаи довталабони озмуни мазкур ташкил гардида, рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил