​Раванди таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни факултети филологияи рус

Таҷрибаомӯзони курсҳои чоруму панҷум факултети филологияи рус таҳти сарварии роҳбарон-методистон, роҳбарон аз кафедраҳои педагогика ва психология ба МТМУ № 9,14,15,16,10,17,23 ва Мактаб-гимназияи «Паймон» шаҳри Хуҷанд, МТМУ № 1,15,25,24 ноҳияи Б. Ғафуров ҷалб гардиданд.

Дар раванди таҷрибаомўзӣ донишҷӯён донишҳои назариявии азхуднамудашонро дар амал татбиқ намуда, ҳамзамон дарсҳои кушоду намунавии худро аз фанҳои тахассусӣ ташкил ва баргузор намуда истодаанд. Дар зимни роҳбарон, методистон ва намояндагони шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ба муассисаи таълимӣ мунтазам ташриф оварда, ба таҷрибаомӯзон оиди тарҳрезии дарс дар таълими салоҳиятнокӣ, хусусиятҳои педагогию психологии тайёрии омӯзгор ба дарс, нақши корҳои тарбиявии роҳбари синф ва усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни дарс ва корҳои беруназсинфӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Ба иттилои масъулин раванди таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни факултети филологияи рус то 23-юми декабри соли 2023 идома мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ