​Раванди таҷрибаомӯзӣ: татбиқи донишҳои назарӣ

Донишҷӯёни курси панҷуми ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигор”-и кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва №6-и шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзии омӯзгории худро оғоз намуданд. Тибқи низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи таълимӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯён то санаи 21 декабри соли ҷорӣ давом хоҳад кард.

Зимни ҷаласаи ифтитоҳии таҷрибаомӯзӣ, ки дар факултет доир гардид, ба донишҷӯён тартиб ва раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ фаҳмонида шуд.

Замира Сатторова, мудири кафедра дар бораи муносибат бо толибилмон, риояи сару либоси тавсиявӣ ба донишҷӯён ва қоидаҳои раванди таҷрибаомӯзӣ таъкид дошт.

Донишҷӯён ба ду зергурӯҳ тақсим шуда, ба онҳо устодон вобаста шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ