​“Расонанигор”: маҳфили нав ба хотири таҳкими маҳорати эҷодӣ

Дар назди кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ маҳфили тоза таҳти унвони “Расонанигор” таъсис ёфт. Нишасти нахустини маҳфил бо иштироки Илҳом Ҷамолиён, Раиси Суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки нишасти нахустини маҳфил ба мавзуи «Таҳияи матолиб барои расонаҳои нав. Вижагиҳои ҷалби таваҷҷуҳи аудитория” бахшида шуд.

Дотсент Илҳом Ҷамолиён дар бораи нозукиҳои таҳияи мавод барои расонаҳои нав маълумот дода, махсусият ва талаботи омода намудани маводи чандрасонаиро барои донишҷӯён шарҳ дод.

Этикаи касбии фаъолияти рӯзноманигорӣ, меъёрҳои интишори мавод дар сомонаҳо ва ҷанбаҳои ҳуқуқии паҳну нашри мавод дар фазои маҷозӣ аз мавзуъҳои меҳварие буданд, ки дар доираи маҳфил муҳокима шуданд.

Мутриба Бобоҷонова, мудири кафедра ҳадаф аз таъсиси маҳфилро дар таҳкими маҳорати эҷодии донишҷӯён, таъмини самаранокии сифати таълим ва баланд бардоштани истеъдоди нигорандагии ҷавонон унвон намуд.

Гуфта мешавад, ки маҳфили мазкур давоми ҳар моҳ як маротиба доир гардида, роҳбарии маҳфилро сармуаллими кафедра Зарипова Шаҳноза бар уҳда дорад.

Маврид ба зикр аст, ки дар маҳфил бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони ҳирфаии журналистика мавзуъҳои муҳим ва марбут ба рушди соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ироаи маърузаи донишӯён низ перомуни мавзуи меҳварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Интизор меравад, ки таъмини самаранокии фаъолияти маҳфил ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои лаёқатманди соҳа заминаи мусоид гузошта, ҷиҳати таҳкими маҳорати эҷодии донишҷӯёни кафедра нақш мегузорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ