​Рамзи эҳтиром ва садоқати миллати тоҷик

Дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги таърихӣ дар факултети таҳсилоти ғоибонаи донишгоҳ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи ҳамоиш декани факултет, доктори илмҳои фалсафа, профессор Пӯлотов Аслиддин ҳозиринро ба Рӯзи Президент ва Парчами давлатӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Гуфта шуд, ки ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ Пешвои миллатро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардиданд ва бо ҳамин тақдири хешро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайвастанд.

Маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургашон дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.

Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳлиллоев Турдимурод оид ба китобу асарҳои арзишманди Ҷаноби Олӣ сухан ронда афзуд, ки мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб дорад.

Сипас, хонандагони болаёқати мактаби таҳсилоти ҳамагонии №20 ноҳияи Ҷаббор Расулов роҷеъ ба Рӯзи Парчам ва Конститутсия композитсияи адабиро пешкаши устодон ва донишҷӯён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ