​Раиси вилояти Суғд ба сохтмони бинои 9 ошёнаи таълимии донишгоҳ оғоз бахшид

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо устодон ва собиқадорон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Дар ин асно Раиси вилоят бо лоиҳаи бинои 9 ошёнаи таълимии донишгоҳ шинос шуда, ба сохтмони он ҳусни ифтитоҳ бахшид. Зимнан Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави таълимии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Зикр гардид, ки бунёди бинои нави таълимӣ бо мақсади муттаҳид намудани тамоми воҳидҳои сохтории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва ташкили маҷмааи комили таълимиву илмӣ, тарбиявиву варзишӣ дар канори биноҳои таълимии №1 ва 2-и донишгоҳ сурат мегирад.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бино дар 9 ошёна пешбинӣ шуда, ғунҷоиши умумии он барои 4000 нафар донишҷў муқаррар гардидааст. Масоҳати умумии бино 19420 метри квадратиро дарбар гирифта, масоҳати зери сохтмон 2158,5 м2 -ро фаро мегирад. Дарозии бино 16,40х21,20 буда, баландии ошёнаи якум 4.40 метр ва ошёнаҳои дигар 3,30 метриро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми сохтмони бино 86320,9 м2 буда, дар он 144 синфхона бо таҷҳизотҳои муосири таълим муҷаҳҳаз ва 9 факултет ҷой хоҳад гирифт. Инчунин 7 толори лексионӣ, 2 маҷлисгоҳи хурд ва 18 озмоишгоҳ сохта мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Барои пайвастан ба табақаҳои болоии бинои таълимӣ бунёди 4 лифт ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати пайвастшавии ошёнаҳо дар бино 5 зинапояҳои алоҳида пешбинӣ шудааст.

Аз сабаби он ки сохтмони бино дар шафати бинои таълимии №2 ва дар ҳудуди маҷмааи варзишии Хуррамшаҳр ба нақша гирифта шудааст, бунёди чанд иншооти дигар дар канори он пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар назар аст, ки варзишгоҳи мавҷуда аз нав таҷдиду тармим гардида, илова бар он майдони умумии варзишӣ дар масоҳати 1500м2 бунёд мегардад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар канори бинои таълимӣ ва майдончаи варзишӣ дар масоҳати 2854 м2 толори маҷлисгоҳ сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Дар баробари бинои истиқоматӣ, ки соли 2006 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, дар масоҳати 510 м2 бинои нави истиқоматӣ барои устодону олимони донишгоҳ сохта ва ба истифода дода хоҳад шуд. Дар баробари ин, дар масоҳати 1800 м2 бунёди як кўдакистон ба нақша гирифта шудааст. Бунёди бинои таълимӣ, кўдакистон, толори маҷлисгоҳ, ошхона, маҷмааи варзишӣ имконият медиҳад, ки воқеан дар ин мавзеъ дар канори ду бинои таълимии дигар як маҷмааи комили шаҳраки МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» бунёд гардида, тамоми биноҳои таълимӣ ба як маҷмааи муттаҳид ва комилу ягона табдил дода шавад. Ин амр барои танзим ва таҷдиди раванди таълим дар донишгоҳ мусоидат хоҳад намуд.

Раиси вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳа ва бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти донишгоҳ ва масъулини бахши сохтмон супоришҳо дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ