​Рағбати донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ бештар мегардад

Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории дарсҳои кушод дар кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ дарси кушоди сармуаллима Тахмина Зоидова дар мавзуи “My Family” (Оилаи ман) бо иштирки садорати факултет баргузор гардид.

Мақсади асосии дарс боло бурдани шавқу рағбати забономӯзии донишҷӯён ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ташаккул додани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ арзёбӣ гардид.

Омӯзгор дар ҷараёни машғулият аз методҳои гуногуни таълим коркардҳои дастӣ, маводи иловагӣ ва дигар аёниятҳои муосир аз қабили компютер, проектор, баландгӯяк ва тахтаи электронӣ самаранок истифода намуд.

Машғулияти кушод дар дараҷаи хуби илмӣ-методӣ гузаронида шуда, ҳамаи лаҳзаҳои дарс ба ҳам алоқаманд буданд.

Маврид ба таъкид аст, ки омӯзгор дар раванди дарс маҳорати методӣ, педагогӣ – психологии худро самаранок дар амал тадбиқ намуда, муносибати эҷодкоронаи худро нишон дод.

Гуфта шуд, ки беҳдошти сифати таълим омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонӣ, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ