​Рафти гузаронидани таҷрибаомӯзӣ

Донишҷӯёни шуъбаи фосилавии курси 4-ум ихтисоси технология ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ҷалб гардиданд.

Тибқи тақсимот ду зергурӯҳ таҳти роҳбарии методист аз кафедраи педадогикаи умумӣ дотсент Шӯҳрат Кучибоев ва аз кафедраи психологияи умумӣ сармуаллима М. Усмонова роҳбар методист аз ихтисос ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров равона карда шудаанд.

Дар ҳафтаи аввал аз тарафи роҳбар методист гӯшаи таҷрибаомӯзӣ омода карда шуда, таҷрибаомӯзон аз ҷараёни машғулиятҳо дидан намуданд.

Сипас, таҷрибаомӯзон бо мақсади дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ дарсҳои назариявӣ ва амалиии худро мувофиқи ихтисосашон ташкил ва баргузор намуданд. Зимни таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) тарзи дурусти омода намудани маҳсулоти қаннодӣ, интихоби дурусти маҳсулот барои омода кардани маҳсулоти қаннодӣ, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои амалиро нишон доданд.

Пас аз дарс роҳбарон ва устодон барои боз ҳам дар сатҳи касбӣ гузаронидани машғулиятҳо ба шогирдон машварат доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ