​“Пули Чинӣ”: беҳтаринҳо ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон даври ниманиҳоии озмуни умумиҷаҳонии “Пули Чинӣ” баргузор гардид.

Аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 13 нафар донишҷӯёни ихтисоси хитойӣ-англисии факултети забонҳои шарқ дар озмуни мазкур иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмун 8 нафар ғолиб дониста шуда, ба марҳилаи навбатии озмун роҳхат гирифтанд. Аз ин 8 нафар ғолибони озмун 6 нафарро донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ ташкил медиҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки “Пули Чинӣ” соле як маротиба доир гардида, дар он донишҷӯёни ихтисоси забонҳои чинӣ иштирок мекунанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ