​Професссор Усмонзода Аюб дар машғулиятҳо иштирок намуд

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом аз як қатор факултетҳои бинои таълимии №2 дидан намуд. Ин ташаббуси роҳбари донишгоҳ ғайримаъмул бидуни огоҳӣ ва бе ҳамроҳии ягон масъули раёсати донишгоҳ сурат гирифт.

Профессор Аюб Усмонзода бо садорати факултет ва омӯзгорон мулоқот намуда, доир ба роҳҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим ва истифода аз усулҳои фаъол дар ҷараёни машғулият суҳбат анҷом дод.

Дар факултети биология ва химия ректори донишгоҳ ба як қатор машғулиятҳои амалию назариявии омӯзгорон, аз ҷумла дар дарси декани факултет профессор Шаҳноза Мирзобаҳодурова иштирок намуд.

Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ба фанҳои тахассусӣ аҳамияти хос зоҳир намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии худ корбарӣ намоянд.

Гуфта шуд, ки сифатнокии таълим ба шарте таъмин мегардад, ки дониши назариявии донишҷӯён дар доираи машғулиятҳои амалӣ татбиқ гардад. Вобаста ба ин раванд омӯзгорон муваззаф гардиданд, ки сифати машғулиятҳои амалиро баланд бардошта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар факултети забонҳои хориҷӣ ректори донишгоҳ дар дарси омӯзгор Ҷуди Эллио ширкат намуда, сатҳи забономӯзӣ ва забондонии донишҷӯёнро таҳлил намуд.

Таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ кафили таъмини пешрафт ва заминаи муҳими расидан ба дастовард дар зиндагӣ мебошад.

Профессор Усмонзода Аюб ба садорати факултет ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён дастур дода, ба омӯзгорони фанҳои тахассусӣ супориш дод, ки бо истифода аз усулҳои интерактивӣ ва ба роҳ мондани муоширати мунтазам, ки шарти асосии азхуд намудани забонҳои хориҷӣ аст, сифати машғулият ва самаранокии таълимро таъмин намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки боздиди ректор аз факултетҳо дар идомаи силсилаи ташаббусҳои қаблӣ ба роҳ монда шуда, дар фарқ ба гузашта ин навбат бе огоҳии масъулини садорати факултетҳо анҷом ёфт. Ин иқдоми роҳбари донишгоҳ имкон фароҳам овард, ки сатҳи воқеии таълим ва сифати машғулияти омӯзгорон муайян шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ