​Президенти мо – Пешвои сулҳовари мо

Чунин ном дошт мизи мудаввар, ки дар факултети иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо Суруди миллӣ оғоз шуда, дар доираи он перомуни мавзӯи меҳварӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардид.

Донишҷӯён давр идома бо забонҳои русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ дар бораи муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

Аз номи садорати факултет иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини декан оид ба таълими факултети иқтисодӣ Қодирова табрик гуфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ