​Посдори забонӣ, эй муаллим

Дар факултети иқтисодӣ бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ Одинаев ва Иноятов ба муносибати Рўзи забони давлатӣ ва Рўзи омузгор маҳфили илмӣ - адабӣ зери унвони "Посдори забонӣ, эй муаллим" баргузор шуд. Дар чорабинӣ докторант Ноил Мирзозода дар мавзӯи "Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар тамаддуни башарӣ" маърӯза намуд. Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсолаи соҳибхаттӣ дошта, бузургони зиёдеро дар домони худ парвариш намудааст, ки онҳо дар инкишофу рушди тамаддуни башарият таъсири чашмрас гузоштаанд. Дар анҷоми маҳфил донишҷӯён доир ба мавзӯи Ватан, забони тоҷикӣ ва муаллим гузориши ҷолиб ва ашъори рангин қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил





МАРКАЗИ ИТТИЛООТ