​Пешвои ваҳдатофар

Таҳти ин унвон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо иштироки устодону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар ташкил ва баргузор гардид.

Нахуст, Муқаддас Шарифиён-декани факултет дар мавзуи “Пешвои ваҳдатофар” маърӯза ироа намуд. Мавсуф қайд намуд, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре ҳастанд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар таърихи давлатдории навини тоҷик аз шумори ҳамин гуна шахсиятҳо маҳсуб меёбанд, ки бо фазилату хиради азалӣ ба қалби тоҷикон шӯълаи умедро бедор, суботу осоиштагиро дар сар то сари кишвар пойдор намуданд.

Зикр шуд, ки маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт.

Дар интиҳои чорабинӣ донишҷӯён перомуни мавзуи баррасишаванда бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ