​Пешвои сулҳофарин

Дар кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ Ҳафтаи таълимӣ-маърифатӣ оғоз шуд. Дар ҷамъомади ифтитоҳӣ декани факултет профессор Замира Ӯлмасзода баромад намуда, дар бораи муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба “10-соли таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ибрози назар намуд.

Дар идома таҳти унвони “Пешвои сулҳофарин” аз ҷониби профессор А.Абдуқодиров маърӯза ироа гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар факултет ҷиҳати ҳамовозӣ ба пешниҳоди хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат чунин чорабинӣ идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ