Пешвои миллат - зӯру тавони миллат!

Дар таърихи навини халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлолии тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волоии фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷастанамудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои хизматҳои бузургу беназир ба унвонҳои “Қаҳрамони халқи тоҷик”, “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” ва “Пешвои миллат” мушарраф шудаанд. Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баландтарин мартаба меарзанд, зеро имрӯз ҳама он дастоварду пешравиҳое, ки мо мебинем ҳама аз хизматҳои арзанда, дасту дили пок ва содиқ будан ба ин фаъолияташон мебошад.

Президенти мо чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат воридшуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.Мо халқи тоҷик гуфтаҳои ин нафари бузургро, ки гуфта буд «Ман барои шумо сулҳ меорам», «То вақте, ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро ором намеҳисобам», «То ҳастам барои халқам, барои Ватанам хизмат мекунам» хуб дар хотир дорем. Миллати мо дар ҳолате қарор дошт, ки нафаре аз аҳолии кишвар ояндаи кишваро дида наметавонист, аҳволи тоқатнопазире дар мамалакат ҳукмфармо буд. Яъсу ноумедӣ дидаҳои аҳолиро ба намӣ оварда буд. Бурдаи ноне барои оилаҳо бо мушкилӣ ба даст меомад.Хонаҳо валонгор, дидаҳо пурнам буданд. Мардум аз набудани барқ мушкилоти зиёде дошт. Барои омода сохтани хӯрок, ба тартиб даровардани сару либос, барои гарм нигоҳ доштани хона дар фасли сармо азият мекашиданд.Вале нафаре мисли фаришта ба кумаки халқ омад, ки он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд.

Муҳимтарин дастовардҳои кишвари азизи мо-Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқашон мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмлалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосеро сазовор гашт.Ҳоло зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон соҳибистиқлолии давлати моро эътироф кардааст, ки маҳз саҳми ин нафари наҷиб зиёд асту ногуфтанӣ.

Президенти мо- раҳнамои мост.Ӯ нафарест дунёи торики тоҷикро ба равшанӣ овард. Бале миллати мо, Ватани мо қариб буд аз байн мерафт, вале ҳоло дар натиҷаи заҳматҳои Сарвари давлат мешукуфад.

Бо боварии комил гуфта метавонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар ба маънои томаш дунёи торики тоҷикро равшан намуд, зеро пас аз оғоз ёфтани фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии “’Роғун’’ ҳаёти сокинони кишвар ба куллӣ тағйир ёфт ва кишвари мо ба сӯи дурахшондагиву тараққиёт қадамҳои устувори хешро гузошт.

Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 13 000 пирях ва 1000 дарё мавҷуд аст, ки сарчашмаи ташаккули тақрибан 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар мавриди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи 6-умро ишғол менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли солҳои истиқлолияти худ сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда истодааст. Мисоли равшани ин гуфтахо, оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе – Роғун”, ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220-киловолтаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқӣ обии “Сангтӯда – 1”, “Сангтӯда – 2”, “Помир – 1”, нерӯгоҳи барқӣ обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи “Душанбе” ва “Суғд”, хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 – киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, зеристгоҳҳои барқии 220-киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран-2”, хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи “Лолазор-Хатлон”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Қайроққум-Суғд”, “Айнӣ-Рӯдакӣ”, оғози татбиқи лоиҳаи САSA-1000, оғози татбиқи лоиҳаҳои “Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Сохтмони чунин нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии нерӯи барқ дар минтақа кӯмак мерасонад.

9 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварданд, ки ин дастоварди арзишмандтарини Точикистон дар солҳои истиқлолият ва қадами устувор дар ҷодаи таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ мебошад. Чи тавре ки Сарвари давлат қайд карданд, «Роғун- ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон аст».

Мо халқи тоҷик, фарзандони ин падари бузургем, ворисони Оли Сомон, паҳлу ба паҳлу, қадам ба қадам, нафас ба нафас бо Пешвоем. Бо иродаи қавӣ аз падари миллат ибрат мегирему барои ин Ватан, ин Тоҷикистон хизматмекунем.

Зиҳӣ эй абармард, зиҳӣ эйдилдодаи Ватан, зиҳӣ эй Пешвои мо!

Устоди кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ