Пешвои миллат ва таҳаввули раванди эҳё, тарғиб ва пажӯҳиши тамаддуни бостон

Бозшиносии мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат аз ҷолибтарин падидаҳое ба шумор меравад, ки ташаккули давлатдории миллӣ ва худшиносиву худогоҳиро таъмин намуда, ба сифати рукнҳои муҳими таъмини истиқлолияти сиёсӣ шинохта мешавад. Ба масъалаи бузургдошти пажуҳиши тамаддуни бостон, аз ҷумла тамаддуни ориёӣ, ҷашну маросимҳои миллие чун Наврўзу Сада, Меҳргону Тиргон таваҷҷуҳи хоса зоҳирнамудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон аз дарки моҳияти амиқи ин нуктаҳои зарурӣ барои густариши давлатдории навини тоҷикон ҳамчун кишвари меросбари хонадонҳои бошукўҳ, маънавибунёд ва тамаддуни гузаштаи хеш дарак медиҳад. Дар баробари андешидани тадбирҳои муҳим дар арсаи гиромидошти тамаддуни куҳани тоҷикон, ба таҳқиқи мероси бузурги тамаддуни ориёӣ, ки дар саргаҳи он худи Пешвои миллат қарор дошта, бо таълифи китоби арзишманди “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” дар ин амри муҳим саҳми барҷастае гузоштанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, ки ин шеваи муносиб барои кашфи асрори номакшуфи тамаддуни куҳани миллати мо нақши муассир мегузорад. Санаҳои 21-23 октябри соли 2019 баргузор гардидани симпозиуми байналмилалии “Пажӯҳише дар тамаддуни бостон”, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ намуданд, саҳифаи тозае дар арсаи таҳқиқ ва таблиғи мероси бузурги бостон гардид. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар ҷараёни баргузории ин ҳамоиш таъкид доштанд, ки “Имрӯз вақти он расидааст, ки мо таърихи халқи тоҷикро дар алоқамандӣ бо таърихи гузаштагони пешини худ, аз ҷумла бохтариҳо, суғдиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишини сакоӣ, скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва дигар қавмҳои ориёинажод мавриди пажӯҳиш қарор диҳем.

Ҳамчунин, мо бояд мероси гаронбаҳои асрҳои миёнаро то ба имрӯз ҳарчи бештару амиқ омӯхта, ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик баҳои воқеӣ диҳем, онро ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ кунем ва ба решаҳои таърихиву фарҳангии худ арҷи бештар гузорем”.

Мусаллам аст, ки тоҷикон дар дарозои мавҷудияти таърихии хеш барои офаридани кохи мўҳташами фарҳанг ва маънавиёти ғанӣ, истеҳкоми девори бузурги маърифат, тафаккури барозандаву созанда саҳм гирифта, дар хазинаи ҷовидони хираду андеша ва маънавиятибашарӣ падидаву арзишҳои гаронмое аз худ ба ёдгор гузоштаанд. Ҷаҳониён эътироф кардаанд, ки минтақаҳои таърихӣва зодбуми ин мардуми фарҳанггофарин ба сифати гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ ва зербиноирушду нашритамаддунибашарӣ маҳсуб мешавад.Маҳз, қавмҳои ориёиёни бузург, ки дар густураи флоти беназир ва муҳоҷирати таърихии худ аз ин сарзамини борвар аз файзи фарри фарҳангофаринӣ бархоста, дар заминаи ҳаракатҳои хеш ба манотиқи мухталиф на танҳо марзу буми хешро вусъат бахшидаанд, балки фарҳангу маънавиёти ориёиро интишор дода, бар мабнои он ақвоми мухталифи ҷаҳониро ба сўи камоли маънавӣ, ташаккули қудрати офаринандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят бахшидаанд. Ин аст, ки имрўз ин тамаддуни пурвусъат ва ғаноманди таърихӣ, ки ба иттифоқи муаррихон аз марзҳои кунунии Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон то Чину Ҳиндустон ва берун аз онро доман паҳн кардааст, ба унвони тамаддуни ориёӣ маъруфият дошта, ҳиҷрати таърихӣ ва фарҳангии тафаккур ва андешаи созандаву барозандаи ниёкони моро дар меҳвари ин тамаддуни ғаноманду ва пурарзиши таърихӣ ба субут мерасонад. Донишманди аврупоӣ Ҳенри Филд вусъату нашриин тамаддуни тоҷикофарини ориёиҳоро ба таври зайл шарҳ додааст: «Тоҷикҳо мардуми машҳуре ҳастанд, ки сар то сари Машриқзамин пароканданд ва на танҳо дар кишварҳои Эрон ва Афғонистон, балки дар шаҳри Мовароуннаҳр ва кишварҳои таҳти тасаллути ўзбекҳои тоторсукунат доранд ва ба қавли баъзеҳо онҳо то марзҳои Чин лоақал то Тибет пахш шудаанд». Чунин вусъатпазирии марзиву бумӣ ва интишори қавмии тоҷикон дар дарозои таърих, ки он аздаврони муҳоҷирати ориёиҳо ва ба таъбири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рўзгори ба империяи Хоҳоманишиҳо муттаҳид шудани сарзамини Бохтару Суғд аз Марву Хоразм ибтидо мегирад, дар тамоми даврони таърихӣ бо ташаккули нерўи фарҳангсозиву хирадгароӣ, маънавиятофаринӣ анҷом ёфта, чеҳраи ин мардуми бунёдгузор ва созандаро ҳамчун нажоди асилзодаву пок, наҷиб ва монанди ин бозгўӣ мекунад. Хосатан, дар замони Ҳукумати бунёдгузори давлати Ҳахоманиширо Куруши Кабир беҳтарин аносири тамаддуни ориёӣ тавассути сиёсати одилона, ваҳдатгароёна ва эҳтиром гузоштан ба дину мазоҳиби мухталифиин подшоҳи раҳоибахш ва чеҳраи барҷастаи таърих дар марзҳои манотиқи Бобулу Миср, Сурия, Лидия, Мод, Порт, Марв, Балх, Суғд, Ҳинд, Фаластин, Финиқия ва амсоли ининтишор ёфтанд. Куруш дар таърихи башарият нахустин императориеро асос гузошт, ки бо ҳузур чанд миллат фаъолият бурда, дар меҳвари он оштии сиёсиву диниву мазҳабӣ ва таҳкимии дӯстии мардум, озодии куллии инсоният ҷой гирифта буд.Ба таъбири Пешвои миллат “дар таърихи ҳар миллат дер ѐ зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки такдири онро ба куллӣ тағйир дода, нерўҳои ниҳонии онро бедор карда, маданияти моддиву маънавии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷахонӣ мебардоранд. Барои Порсҳо (ва шояд ҳам на танҳо барои онҳо, балки барои тамоми халқҳои эронитабор) чунин шахсият Куруши Кабир буд. Ў аз мартабаи шоҳи як вилоят ба дараҷаи шоҳаншоҳи як империяи бузурги ҷаҳонӣ расид”. (3,90-91)

Ҳамин тавр, корномаҳои бузурги Куруши Кабир баробари интишори аносири тамаддуни ориёӣ ба саросари ҷаҳон дар таъмини озодии башарият ва таҳкими ғояҳои олии инсондӯстӣ ва инсонгароӣ нақши муассир гузоштанд.

Бояд гуфт, ки дар асли луғавӣ вожаи «Ориё» ба маънии наҷиб ва нажоди асил будааст ва гоҳо онро дар аз решаи санскритии «ар» ба маънии деҳқон маънидод мекунанд. Мусаллам аст, ки вожаи деҳқон дар аҳди қадим дар тафаккури ориёнажодон аз эътибор ва маҳбубияти хос бархурдор буд ва онро ҳатто дар баробари вожаи тоҷик маънӣ мегузоштанд. Чунончи Фирдавсии бузург фармуда;

Зи гуфтори деҳқон кунун достон,

Бипаймудам аз гуфтаи бостон.

Пас, деҳқон дар андешаи аҷдоди мо шахси офаринандаву созанда, бунёдкор арҷ гузошта мешуда ва дар китоби муқаддаси Авасто ҳар табақаи ҷамъият, ки даст ба созандагиву бунёкорӣ занад ва офаринандагиро пешаи худ созад, аз мақоми хоси маънавӣ бархурдор аст. Ба ин ваҷҳ, деҳқон чун аз ин падидаҳои офарананда баҳравар буд, ҳам дар кутуби муқаддас ва ҳам дар андешаву орои ориёиён ҷойгоҳи хоса дошта, ҳамеша мавриди ситоиш қарор доштанд. Ба назардошти асолати таърихии таблиғи фарҳангофариниву бунёдкорӣ дар андешаи тоҷик ва мутобиқати зиндагии ибтидоии ин қавми маънавибунёд дар саргаҳи таърих бо рисолати табақоти боътибори деҳқону озододагон аҳли назар ин мардумро ба унвонии деҳқон ёдовар мешуд. Пас, дар робита бо тафсири ҳар ду маънии вожаи «ориё» маълум мешавад, ки дар меҳвари ин тамаддуни ғаноманду бузург, ки дар вусъатиақвоми дигари дорои таърихи қадима ба иллати анҷоми муҳоҷирату флотҳои тоҷикон ҳамроҳ шудаанд, қарор доранд.

Аз ин рў, ба бо мақсади пажӯҳиши тамаддуни бостон ба масъалаи бузургдошти тамаддуни ориёитаваҷҷўҳ намудани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳикмат нест. Зерошинохти мероси ғаноманди нажоди ориёӣ ва саҳми тоҷикон дар бунёди фарҳангии нерўманди маъруф ба унвони тамаддуни ориёӣ аз муҳимтарин рисолоти таърихии ҷомеаи имрўз аст, ки дар пойгоҳи асосии онташаккули тафаккури миллӣ ва худшиносиву худогоҳии таърихии тоҷик ва сабақбардорӣ аз дарси бузурги фарҳанофаринии анҷдоди мо маҳсуб мешавад. Моҳияту асолати ин таваҷҷўҳи хосаро, ки яке аз рукнҳои асосии сиёсати маънавибунёди сарвари давлат ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, мавсуфҳанўз соли 1999 дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» мушаххаснамуда буданд:

«Мо ҳаргиз даъвои миллатгароӣ, шовинизми миллӣ надорем, мо фақат мехоҳем, ки таърихи гузаштаи миллат ва давлату давлатдориамонро хубтар омўзем, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтӣ ва бегонапарастиҳо раҳида, ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем; дар зери парчами гузаштагони бузурги хеш гирд омада, истиқлолияту якпорчагии ватани азизро ҳифз намоем».

Баробари ин, дар мавриди сабабҳо ва зарурати бузургдошти тамаддуни ориёӣ дар китоби “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” таъкид доштанд, ки “бинобар қадимӣ будан, дар миқѐси ниҳоят бузург фаъолият доштан, таърихи сиѐсии печидаву пурмоҷаро доштани ин тамаддун ҳанўз бисѐр масъалаҳои он, махсусан масоиле, ки ба аҳди қадим мансубанд ва ѐдгориҳои хаттию шайъии он давра то ба рўзгори мо нарасидаанд, инчунин фаъолияти тамаддуни ориѐӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ то замони мо ба таври бояду шояд маълуму мушаххас нагардидаанд. Аз ин рў, ман соли 2006-умро соли бузургдошти тамаддуни ориѐӣ эълон намудам ва хостам, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба таърихи пуршўру овозадори ниѐгонамон аз сохти давлатдории аввалин шаҳриѐрони пешдодию каѐнӣ сар карда ба марҳилаҳои муҳимму мухталифи оини хештандорӣ ва умури ватанпарварии миллатамон муроҷиат намоем ва аз ҳама муҳимаш, ба ташаккулу инкишофи маданияти моддию маънавии тамаддуни ориѐии худ назар андозем ва бар ҳамин мабно ҳаѐти маънавӣ ва фарҳангии худро ба роҳ монем”.

Бо вуҷуди ин, тибқи Фармони Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонсоли 2006 таҷлил гардидани Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ боиси баланд шудани сару садоҳое гардид, ки гӯё аз ин иқдом бӯи миллатгароӣ ва нажодпарастӣ меояд.Ин иқдоми хешро сарвари давлат зимни таҷлили ин ҷашн чунин ташреҳ доданд: «Ин иқдоми мо ягон ғарази сиёсӣ ё идеологӣ надорад ва бинобар ин, бо кӯшишҳои ирқпарастиву бадбинии инсон робитае надорад ва дошта ҳам наметавонад.

Мо аз таърихи қадимаи худ ва аз маъхазҳои зиёд, ки ба забони модарии мо, яъне тоҷикӣ навишта шудаанд, хуб огоҳ ҳастем. Халқи мо дар ягон давру замон ба сари ягон миллат теғ накашидааст.
Вале то имрӯз дар ҳудуди кишвари мо ва қаламрави форсизабонон калламанораҳое вуҷуд доранд, ки онҳо ёдгоре аз кирдорҳои ғайриинсонии истилогарони хунрез мебошанд. Халқи мо дар гузаштаҳои наздик низ аз зуҳуроти миллатгароӣ ва нажодпарастии дигарон азобу машаққати зиёд дидааст.

Мақсади мо аз бузургдошти тамаддуни ориёӣ танҳо як назари тозаву холисона ба фарҳанги қадимаи миллати худ ва кӯшиши ошноии амиқтар бо решаҳои таърих ва тамаддуни гузаштаамон аст.
Мо ин ҳадафи худро борҳо возеҳу равшан эълон доштаем. Зеро миллати тоҷик мисли ҳар халқу миллати дигар дар марҳалаи эҳёи давлатдории миллӣ ва болоравии худшиносии миллӣ ҳуқуқи пурраи маънавӣ дорад, ки таърих ва тамаддуни ориёиро ҳамчун мероси воқеӣ ва собитшудаи ниёгони худ пос дорад, онро омӯзад ва арзишҳои беҳтаринашро барои рушди ояндаи худ истифода намояд.

Ва ҳар фарди бо нангу номуси миллат бояд донад, ки аҷдоди мо - суғдиҳову бохтариҳо зодагони қавми ориёӣ ҳастанд, забони модарии мо баробари дигар забонҳои минтақа, аз ҷумла форсӣ ва дарӣ аз забонҳои қадимаи ориёӣ сарчашма мегирад.

Дар баробари ин, мо кӯшишҳои ғаразолуди истифодаҷӯиро аз мероси фарҳангӣ барои талқини ғояҳои нажодпарастӣ бо дарки масъулияти таърихиву виҷдонӣ маҳкум мекунем ва фақат мехоҳем, ки наслҳои имрӯзу оянда аз фарҳанги қадимаву рангоранги миллатҳои бостонӣ, аз ҷумла тоҷикон ва арзишҳои волои тамаддуни ориёӣ огоҳу баҳравар гарданд.

Мо мехоҳем, ки таърих ва тамаддуни беш аз панҷҳазорсолаи тоҷикон дар радифи дигар таърихҳо, тамаддунҳо, фарҳангҳо ва оину анъанаҳои ибратбахши халқҳои сайёра омӯхта шавад, дар роҳи камолоти инсон ҳамоно дар хизмат бошад ва ҳамчунин намегузорем, ки он бо ғаразҳои ҷаҳонсӯз ва ҳадафҳои хатарноки геополитикии минтақавӣ ва глобалӣ таҳрифу омехта гардад».

Аз ин рӯ, баробари амалӣ намудани дигар иқдомоте, ки дар доираи пешбурди сиёсати давлатсозиву давлатдории навини тоҷикон андешида мешаванд, мо бояд наслҳои имрӯзу фардои миллатро аз мероси бузурги аҷдодӣ огоҳ созем, дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдории миллӣ, расидан ба қадру қимати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, шинохтан ва эҳтиром гузоштан ба мероси гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем.

Ҳамзамон бо ин, ҳисси эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии дигар халқҳо ва тамаддунҳо ва бетаассуб аз онҳо истифода намуданро парвариш диҳем».

Бо назардошти нукоти мавриди назар моҳият ва аҳамиятитаърихии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи таҳқиқи тамаддуни бостон, аз ҷумла эълони соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва таваҷҷуҳ ба пажӯҳиши мероси куҳани тоҷикон, аз ҷумла эҳёи ҷашну маросимҳои миллӣ, чун Наврўзу Сада, инчуни ҷашни 5500 солагии Саразми бостониро дар чанд нукта тавзеҳ диҳем:

  • Маълум аст, ки яке аз омилҳои муҳиму таърихии зуҳурии тамаддуни ориёӣ ба мансубияти қавмии сокинони мухталифи он ва минтақаҳои ҳамҷавони он вобаста аст. Дар заминаи паҳншавии падидаҳои фикриву фарҳангӣ ваиҷтимоиву сиёсии тоҷикон ба кишварҳоиатрофионҳо ин тамаддунибузургро ҳамчун падидри аз омезиши маданияти чанд қавмбавуҷудомада ҳастӣ бахшиданд. Ин аст, ки осори таърихӣ ва сарчашмаҳо мафҳуми ақвоми ориёӣ барои ифодаи фарҳанги муштараке, ки дар меҳвари он фарҳанги тоҷмкӣ-форсӣ қарордорад, рӯйи кор омад. Асли зуҳури ин тамаддуни бузург бошад, чунонки зикр шуд, пеш аз ҳама ба пайдоиши тафаккури созандаву офаринандаи тоҷикон дар саргаҳи таърихи дар зодгоҳи аслии онҳо, ки “маъруф ба Ориёнвич” аст, мансубияти қавӣдорад. Зеро ба ислоҳи муҳаққиқон “ориёи эронӣ” (Эрон дар ин ҷо сарзамини бузурги қадимаи тоҷикон дар назар аст, ки манотиқи Вароруду Хуросон ва дигар марзҳои ҷуғрофии атрофи онҳо фаро мегирифт ва ба ин ваҷҳ муҳаққиқон асли баромади вожаи Эронро ҳам ба ориён мансуб донистааст, яъне манзур ҳамон Эрони бостон. –Н.Н) аз марзи аҷдодӣ бурун омада, на танҳо барои васеъ намудани ҳудуди таърихӣ, балки интишор ва густариши фарҳанги бумии хеш хидматҳои шоиста анҷом доданд.
  • Маърифат ва эҳёву гиромидошти тамаддуни ориёӣ, ҳамчун фарҳанги пурбори таърихи тоҷикон пеш аз ҳамабарои баланд бардоштани савияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳифзи сарватҳои зеҳнии халқамон амри муҳим ба ҳисоб меравад. Бо таваҷҷуҳ ба сарчашмаҳои таърихӣ ва маъбаъҳои боэътимод рўшан мешавад, ки новобаста ба фарҳангсўзиҳо ва аз миён бардоштани мероси зиёди маънавии тоҷикон дар масири таърих аз хазинаи ақлу хирад ва маънавиёт осори бешуморе боқӣ мондааст, ки имрўз ниёзмандии афзуне барои омўзишу таҳқиқ ва муаррифӣ доранд. Қисмати дигари ин осори фикриву хаттӣ дар заминаи тарҷума ба забонҳои дигар, инчунин омезиши он бо осори ақвоми мухталиф то ҷое асолати хешро аз даст дода, дар уқёнуси андешаву орои дигарон ғарқ шудааст. Гиромидошти фарҳанги ориёӣ назди мо баробари баробари омўзиш ва таҳқиқи мероси боқимондаи маданияти гузаштагони хеш вазифа мегузорад, ки бо чунин арзишҳои аздастрафта ва махлутгашта бо назари таҳқиқ ва таҷдид нигариста, саҳми гузаштагони хешро дар таҳаввули фикрӣ ва ҳунарии ҷаҳониён бо маърифати асолати чунин падидаҳои “бегонашуда” собит созем.
  • Тамаддуни ориёӣ дар канори вусъати таърихии хеш падидаҳои арзишманди адабиву фарҳангӣ ва маънавиро дар сурати осори мухталиф ба вуҷуд овардаанд, ки ҳадди ниҳоии камолоти он зуҳури ба таъбири Пешвои миллат– “нахустқомуси миллати тоҷик”- китоби муқаддаси Авасто маҳсуб мешавад. Дар ин намунаи пурарзиши мероси ниёгони тоҷикон маҷмўи донишу андешаҳо ва ҳосили тафаккури созандаву барозандаи эшон фароҳам омада буд, ки бахше аз он то замони мо расидааст.Баробари ин, маҳсули тамаддуни тоҷикон, ки дар китоби муқаддаси Авасто ғунҷоиш ёфтааст, ба василаи интиқоли он аз ҷониби Искандар ба Юнон рушди макотиби фалсафиву маърифатии ин сарзаминро таъмин намуд. Низомии Ганҷавӣ ҳамин маъниро дар байте аз хеш тафсир намудаву фармуда буд:
  • Дар баробари бузургдошт ва таҳқиқу тарғиби тамаддуни ориёӣ таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба фарҳанги куҳани шаҳрсозӣ ва шаҳрдории миллии мо, аз ҷумла таҷлили 5500 солагии Саразми бостонӣ, ки ин таърих бар асоси нишондоди муаррихони варзидаи ҷаҳонӣ муқаррар шудааст, гувоҳи он аст, ки дар шинохти тамаддуни бостон аз роҳу шеваҳои мухталиф дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат кор гирифта мешавад. Ҳузури мунаввари шаҳри Саразм дар сапедадами таърихи миллати мо баёнгари соҳиби тамаддуни куҳани шаҳрдорӣ, фарҳанги кишоварзӣ ва аносири ҳунармандӣ будани тоҷикон ба шумор меравад. Маҳз, пешниҳоди бевоситаи Пешвои миллат барои таҷлили ин ҷашнвораи бузурги миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби созмони фарҳангии ҷаҳон ЮНЕСКО истиқбол ёфт, ки дар натиҷаи 12-13 сентябри соли равон бо шукўҳи хоса ва бо ҳузури бевоситаи Пешвои миллат ва паёмҳои табрикии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар ҷойгоҳи таърихии ин шаҳри куҳан таҷлил гардид. Тадбири наҷиби Пешвои миллат имконият фароҳам овард,ки дар баробари дигар аркони тамаддуни бостонии тоҷик падидаҳои фарҳанги шаҳрдорӣ, тамаддуни кишоварзӣ ва дигар унсурҳои ҳунарҳои мардуми тоҷикон аз зовия ва дидгоҳ нав ба риштаи таҳқиқ кашида шаванд, то бар ин асос дар қаламрави пажўҳишҳои тамаддуни бостонии тоҷикон саҳифаҳои тозае боз гардад.
  • Аз бузургтарин мероси тамаддуни бостонии тоҷик ҷашнҳои бостонии Наврўзу Сада,Меҳрону Тиргон мебошанд. Дар шароити нави таърихӣ маҳз тавассути талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнҳои бузурги миллии мо, ба унвони мероси бузурги тамаддуни ориёӣ эҳё гардида, имрўз ба сурат ва сирати нав дар кишвари азизи моҷилвагар мешаванд. Ба таъбири дигар, давоми чанд соли охир баргузории ҷашну идҳое,ки зимнан ба табиат рабт мегирад, аз ҷумла баргузории идҳоихарбуза ва асал бори дигар аз он паём мерасонад, ки тавассути ин тадбирҳои наҷиб Пешвои миллат муҳимтарин расму оинҳои суннатии моро, ки сарчашма дар Наврӯзу Садаву Меҳргон ва ҳама Тиргон доранд, эҳё мешаванд. Мардуми тоҷик аз дергоҳи таърих ба табиат ва офаридаҳои он таваҷҷуҳи амиқ доранд ва арҷгузорӣ ба ин падидаҳо худ гувоҳ бар он аст, ки ин ҳама неъматҳои нодири табиат аслу мояи зиндагонии инсониятро таъмин мекунанд. Эҳёи чунин идҳои зодаи табиат бори дигар ба ин маслаки неки ниёгон ва қадршиносӣ аз чунин суннатҳои наҷиб ишорат мекунад.

Ведаҳо ба ҳайси нахустин инсон ва Худованди рӯшаниву нур шинохта шудани ҷамшеди каёни, ки аз ашхоси ормониву асотирии ороёиён маҳсуб мешавад, далели боътимоди асари фарҳангу тамаддун ва тафаккури офаринандаи форсиён ба афкори андешаи сокинони ин сарзамин ба шумор меояд. Минбаъд , ин падидаи муштараки фикрӣ дар муносибату пайванди забонӣ низ таъсири худро гузоштанд, ки воридшавии калимаҳои тоҷикӣ ба ҳиндӣ ва ҳиндӣ ба тоҷикӣ аз ин гуфта швҳодат медиҳад. Афзуда бар ин зуҳури тамаддуни бароварда аз омезиши фикриву фарҳангии сокинони ҳар ду минтақа дар даврони минъбада таърихӣ ба унвони тамаддуни ориёӣ шӯҳрати афзун пайдо намуда, равобити маънавию маданӣва фикрии тоҷикону ҳиндуванро истиқрор бахшид. Муҳимтар аз ҳама асари фикриву маънавии тоҷикони қадима ба зеҳну афкор ва маданияти ҳиндувон бунёдҳои қавии сиёсӣ, фикрӣ, маънавӣ ва фарҳангро дар сарзамини ҳинд истеҳком бахшид. Ҳосили ҳамин гуна пайрезаҳои фикриву маънавӣ буд, ки баъд аз асри ХY дар қаламрави Ҳинд давлати тоҷикзабони Темуриёни Ҳиндрӯи кор омада, дигарбора барои равобити фарҳанги тоҷикиву ҳиндӣ мусоидат кард. Аз ин лиҳоз, рӯ оварданба чунин тамаддуни заминасози ҷаҳонӣ, ки саросари оламро бо падидаҳои фикриву маънавӣ ғанӣ сохтаанд, дар ниҳоди насли наврас рўҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллиро қавӣ намуда, маърифати таърихӣ ва сабақбардориро аз таҷрибаи хирадгароиву фарҳангофаринии ниёгон боло мебардорад. Мо танҳо дар заминаи рў овардан ба таърихи дури миллати хеш ва маърифати маҷрои қадимтарин давраҳои рушди фикриву фарҳангии он имкон пайдо мекунем, ки мақоми шоистаи аҷдоди хешро дар сароғози ташаккули тамаддуни башарӣ бишносем ва ҷойгоҳи онро дар пешрафти маданияти ҷаҳониён муқаррар намоем.

Хирадномаҳоро зи лафзи дарӣ,

Ба Юнонзабон кард кисватгарӣ.

Таваҷҷуҳи хосаи бузургтарин намояндагони макотиби фалсафии Юнони бостон, аз он ҷумла, мусофирати яке аз бунёдгузорони ин ҳавзаи неруманди фалсафӣ – Фишоғурс (Пифагор) ба Эрон, назорати хосаи Афлотун ва Арасту ба китоби Авесто аз нубӯғи фикрии фалсафаи оини ниёкони мо дар масири тамаддуни ҷаҳонӣ ва бардоштани зеҳният фикри олам аз ин хазинаи олии хирад мужда медиҳад. Таблиғи бунёдкориву созандагӣ, худшиносӣ, ростиву дурустӣ, фиреб барин хислатҳои шоиста, ки дар меҳвари таълимоти ахлоқии Авесто қарор гирифтаанд. Ин аст, ки нависандаи бараҳманимазҳаби Ҳинд Робиндранат Тагор консепсияи ахлоқии Авесторо комилтарин назарияи ахлоқӣ ба шумор овардааст. Файласуфи олмонӣ Фридрик Ниче назди аз асари шаҳомати фикрии пайғамбари ниёгони мо-Зардушт ба ваҷд омада, ҳосили шинохту муҳаббати хешро дар китоби гаронмояаш “Чунин гуфта Зардушт”ҷамъбаст намудааст.

Таъсиси академияи Шопури Сосонӣ, китоби дубораи Авесто, ҷамъоварии осори ҳамосавӣ ва тарҷумаи осори ҳиндӣба паҳлавӣ сабт намуд, ки ақвоми ориёӣ соҳиби қудрати азими фикрӣ буда, ҳанӯз дар сароғози таърихи башарӣ саҳни таърихро ба ҳосили андешаву орои хеш музайян гардонидааст. Таъзими Искандари мақдунӣ дар баробари ин фарҳанги пурарзиш, таълими оини давлатдорӣ ба арабҳо аз ҷониби аҷдоди мо дигарбора устувории таърихӣ ва истеҳкоми сутуни маънавии миллати моро дар дарозои пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ ба субут расонд.

4.Муҳимтарин падидае, ки нашру шӯҳрати фарҳанги ориёнро муаррифӣ мекунад, забон маҳсуб мешавад. Зеро асолати ин падидаҳо фикрӣ пеш аз ҳама дар забони ноби тоҷикӣ дар назар аст, ки решаҳои таърихии хешро аз забонҳои қадимаи форсиву паҳлавӣ, суғдиву бохтарӣ ва амсоли инберун овардааст. Моҳияти мақоми забони тоҷикиро дар густариш ва интишори фарҳанги ориёӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хеле рушан маънидод кардааст:”Тамаддуни чандинҳазорсолаи нажоди ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғунҷоиши тоҷикию форсӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расида, дастраси оламиён гардидааст, ки ин ҳам боиси ифтихор ва ҳам масъулияти бузурги ворисони ин тамаддуни қадима аст.”

Бо назардошти шинохти ин мақоми таърихии забони шевои тоҷикӣ бояд муносибат ва эҳтиром ба забонроҳамчун рукни муҳими ташаккули ҳуввият ва худшиносии миллӣ донем ва ба ин сарвати ғаномандии таърихии ниёгонамон аз ин раҳгузор баҳо диҳем. Зеро бидуни огоҳии рӯшан аз хусусиёти ташаккули таърихии ин забон ва маърифати ҳамаҷонибаи он имкон надорем, ки барои шинохти тамаддун ва фарҳанги ориёӣ равзанаи хоса кушода бошем. Ба ин хотир, бузургдошти тамаддуни ориёӣ танҳо аз ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, маърмфати мероси фикриву фарҳангӣ иборат набуда, балки муносибати мушаххас ва таваҷҷӯҳи амиқро ба қонунмандиҳои ташаккули таърихии забони тоҷикӣ тақозо мекунад.

Ҳамин тавр, расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар поёни қарни гузашта ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намудани Тоҷикистон рӯйдоди нодиру бузурге ба шумор омад, ки воқеан дербоз тоҷикон интизори ин фасли ҳузури сабзи соҳибдавлатӣбо гузашти наздик ба 1100 соли давлатдории Сомониён буданд.Аммо агар ба сарнавишти таърихидавлатдории тоҷикон мурур шавад, мусаллам мегардад, ки ба таъбири Пешвои миллат “Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруши Кабир на танҳо як давлати муқтадиру мутамарказу муштарак, балки тақдири муштарак, таъриху фарҳанги муштарак, забону хати муштарак варасму оини муштаракро бунёд гузоштанд ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об мехӯрд.

Тақдири давлатдории Куруш ба тақдири давлати имрӯзаи тоҷикон хеле шабоҳат дорад, ки рӯҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдгузориву ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ватакмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандию ҳамоҳангиҳост”.

Ҳамин тавр, агар ба сайри таърихии давлатдории тоҷикон бар пояи манобеи таърихӣ руҷуъ шавад, маълум мегардад, ки ба ифодаи Пешвои миллат сароғози он ба номи Куруши Кабир пайванд ёфта, баъдан дар замони Сомониён бори дувум тавассути талошҳои ба таъбири сарвари давлат “Абармарди хирад ва сиёсат” –Амир Исмоили Сомонӣ насиби мардуми шарифи тоҷик гардид ва ҳамакнун марҳилаи нави соҳибдавлатии мо ба поёни асри гузашта ва таҳкими он дар ибтидои ҳазораи нави милодӣ марбут аст, ки бешак ба ном ва пайкорҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад. Ҳарчанд истиқлолияти Тоҷикистон дарсароғози хеш ба мушкилот ва муаммоҳои фаровони ба ҷанги шаҳрвандӣ пайванд дошта, мувоҷеҳ шуд, аммо такя бар хиради азалии мардуми тоҷик ва чунин таҷрибаҳои нодири таърихи давлатдории миллии мо ба сиёсатмадори тавоноии асри имрӯз- Пешвои миллат ва тамоми тоҷикон ҷаҳон – Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки аркон ва пояҳои давлати навини Тоҷикистонро пас аз ҳазорсолаҳо бори дигаристеҳком бахшида, тавассути ташаббусҳои омӯзандаи сатҳи ҷаҳонӣ, хоса таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ,талош дар ҳаллу фасли муаммоҳои мубрами сайёра, ки ба тақдири тамоми сокинони он марбутанд, ин давлати ҷавон ва меросбари тамаддунҳои бузургу куҳанро, ки реша дар қаламравиориёӣ доранд, дар миёни анҷумани кишварҳои олам дар сатҳи матлуб муаррифӣ намоянд. Эътирофи Тоҷикистон ба унвони давлати соҳибистиқлол, соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявиву ягона аз сӯи бештар аз 200 кишварҳои олам, баробари ин истиқболи шоёни шумораи зиёди давлатҳои ҷаҳон аз ташабусҳои сарнавиштсоз ва бузурги Пешвои миллати мо дар самти эълони ду даҳсолаи бузурги марбут ба ҳалли масъаҳалои оби тоза, таъмини рушди устувори кишварҳоиолам, муқовимат ба вабои асри имрӯз- ифротгароӣ ва зӯроварӣ худ гувоҳи он аст, ки имрӯз новобаста аз маҳдудаҳои марзиву ҷуғрофӣ обруву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад. Пешвои миллат, дар китоби “Тоҷикистон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”барҳақ фармудаанд, ки “Тоҷикистони азизи мо дар ин харитаи курраи арз мисли донаи регест, ки базӯр менамояд ва дар дили Осиё қарор дорад. Ва воқеан дар қиёси кишварҳои паҳновару сернуфуси олам – Россия, Чин, Ҳиндустон, Амрико басо хурду назорногир менамояд. Вале аксари ин давлатҳои бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон назар ба давлатдории аҷдодии тоҷикон дертар падид омада, бо гардиши айём мақоми устувори геэполитикӣ ва геостратегӣ пайдо намуданд”.

Бо таваҷҷуҳ ба ин андешаҳои созанда ва афкори судманди Пешвои миллат роҷеъ ба таърихи давлатдории миллии мо ва Тоҷикистони имрӯз метавон бо ифтихор ин ҳарфи садоат ва шарафро ба забон овард,ки агар низоми давлатдории миллии мо ба номи Куруши Кабир пайванд ёфта, дар даврони ҳукумати “абармарди таърих ва сиёсат”- Амир Исмоили Сомонӣ марҳилаи тозаеро боанҷоми ташаккулёбии халқи тоҷик паси сар намуд, дар асри навин бо сипарӣ гаштани бештар аз 1100 сол тавассути талошҳои пайгиронаи меросбари асили ин шахсиятҳои барҷастаи таърихи тамаддуни ҷаҳон – Эмомалӣ Раҳмон дубора бар маснади таърихии хеш нишаста, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рисолати бузурги хешро дар марҳилаи нави ташаккули давлатдории миллии мо ба анҷом мерасонад. Истиқлол ва ҳузури мунаввари Тоҷикистон ба унвони давлати миллӣ дар хатираи сиёсии ҷаҳон ормони деринтизори мардуми азизи мо, тамоми тоҷикони ҷаҳон буд, ки маҳз ин шарафи бузург дар замони имрӯз барои мо шаҳрвандону сокинони ин кишвари меросбари тамаддуни ориёиву Оли Сомон насиб гардид. Имрӯз бо итминони комил метавонем бо камоли ифтихор ин се шахсияти бузург- Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони пайкараҳои таърихи давлатдории миллӣ, худогоҳии миллии мардуми тоҷик ном бубарем, ки дар мароҳили мухталиф тарҳи давлатҳои миллии моро бунёд ниҳода,таҳкими давлатдории миллӣ омил гардиданд. Хосатан, дар асри навини таҳаввулоти таърихӣ ваайёми ҷаҳонишавии замони муосир бо камоли садоқат ва унсу ихлос бо такя бар таҷрибаи ниёгони шарафманди хеш дубора ба хостгоҳи бузурги таърихии худ нишастани мардуми тоҷик ва эҷоди давлате бо номи Тоҷикистон, ки чун мероси беназири ҳамон давлатҳои миллии куҳан маҳсуб мешавад, ба корномаҳои қаҳрамононаи Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон такя мекунад. Ин ҳақиқати таърихиро ҳатто чандин тан аз сиёсатмадорону олимони сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла намояндагони форсизабонони ҷаҳон ҳам эътибор ва ба маҷмуи ибтикороти ин сиёсатмадори барҷастаи асри мо баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, Ҳумер Абрамиён, муҳаққиқи эронии муқими Австралия дар ҷараёни баргузории ҳамоиши байналмилалии “Пажӯҳиши тамаддуни бостон: Аз дирӯз то имрӯз” бо камоли садоқат изҳор дошт, ки “имрӯз дар ҳеҷ як кишваре аз меросбарони фарҳанги Наврӯзу Меҳргон ин оинҳои миллӣ бад-он шукуҳе, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, доир намешавад. Абрамиён пешниҳоди таъсиси Донишгоҳе ба номи Куруши бузург дар Душанбе таъкид дошт: "Ҷойе дар ҷаҳон, ки ба рӯи Донишгоҳи Куруши Бузург оғӯш боз кунад, на Амрико, на Канада, на Аврупо ва на Эрон аст. Танҳо хоки хуби Тоҷикистон метавонад мизбон ва хонаи Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Бузург бошад."

Барҳақ, имрӯз бо бунёди бузургтарин қасру кушкҳои ифодакунандаи шаҳомати таърихии миллати тоҷик, чун “Кохи Наврӯз”, ки пайкарае аз тахти таърихии Ҷамшед маҳсуб мешавад,боғи “Куруши Кабир”, бунёди чандин Наврӯзгоҳҳои ифодакунандаи асолати таърихии тамаддуни бостон дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Данғара ва дигар суннатҳои нодири марбутба эҳёи аносири фарҳанги миллӣ дар партави корномаҳои Пешвои миллати тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ҳақиқати ин эътирофи ҷаҳониёнро аз Тоҷикистони азизи мо ба унвони меросбари ин мероси бузурги тамаддуни ориёӣтафсир мекунанд.

Ба ин хотир, мо ҳама сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки барҳақ хонаи умеди ҳамаи мо тоҷикон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон, тамоми шаҳрвандони ин сарзамини муқаддас аст, дар пешорӯи таърих ва наслҳои оянда вазифадор ва қарздор ҳастем,ки пеш аз ҳама ин Ватан, ин хоку оби муқаддас ва мероси бузургро самимона дӯст, ҳифз ва барои наслҳои оянда бо ҳамон шукуҳу шаҳомати таърихии тавассути корномаҳои Асосгузори ин давлати навини миллии мо- Эмомалӣ Раҳмон барқароргардида ба мерос гузорем. Ин ҳарфу каломи Пешвои миллат дарин шоҳроҳи бузург чароғи ҳидояти монаслҳои имрӯзу фардо хоҳад буд, ки бояд дар пештоқи хонаи қалбҳоямон, дар раҳгузори барномаҳои ватандӯстӣ ва дар фарози осмони ин хонаи уммеди ҳамаи мо, ки номаш Тоҷикистон аст, бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шавад: “Таърих баъд аз ҳазор солморо водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёкони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ ва миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо ваҳдати мардуми Тоҷикистон, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд бо мамлакатҳои пешқадами дунё моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад”.

Нуралӣ Нуров - доктори илмҳои филологӣ, профессор,муовини директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомешиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ