​Пешвои миллат ва таҳаввули фалсафаи миллӣ

Дар толори раёсати донишгоҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии Муассисаи давлатиии таълимии“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва таҳаввули фалсафаи миллӣ дар замони Истиқлол”, бо иштироки васеи олимони соҳа баргузор гардид.

Ба кори конференсия муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Номбурда афзуд, ки дар замони муосир рўй овардан ба мероси бузурги ниёгон, эҳёи анъанаҳои таърихӣ ва ба ин восита таҳким бахшидани худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандўстию илмомӯзӣ яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад, ки дар сиёсати дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонқарор гирифтааст.

Сипас, Кароматулло Олимов – доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Масъалаҳои худшиносии миллӣ дар асарҳои Пешвои миллат” маърӯза намуда, зикр дошт, ки Пешвои миллат аз рӯзи нахусти давлатдориашон ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар осори мондагору арзишмандашон мардуми тоҷикро ба дарки истилоҳи бедориву худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсӣ даъват намуданд.

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастатаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат дар рушди илм дар Тоҷикистон” баромад намуда, қайд намуд, ки пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ба як марҳалаи нави рушд ворид гардид. Бо мақсади рушди илм ва навовариву ихтироъкорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои илм, маориф ва иноватсия таъсис ёфт, ки ин ҳам як иқдоми наҷиби Пешвои миллат ба шумор меравад. Ҳамчунин, Атоулло Атоев – доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири кафедраи умумидонишгоҳии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи “Аҳамияти арзишҳои рамзии умумиинсонӣ ва дарки фалсафаи он дар замони Истиқлол” маъруза намуд. Мавсуф афзуд, ки дар воқеъ ҳам руҷўъ ба мероси гузаштагон, аз ҷумла осори пурнубуғи файласуфони тоҷик, ки дар рушди тамаддуни башарӣ нақши арзанда гузоштаанд, ҳамеша таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакатро ба худ ҷалб кардааст. Баррасии пайкорҳои Сарвари давлат дар рушду таҳаввули фалсафаи миллӣ асосан дар замони Истиқлол рўи кор омад.

Дар интиҳо профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов зикр дошт, ки донишгоҳ дар ин самт чунин ташаббусҳоро идома медиҳад ва минбаъд низ бо ҷалби мутахассисону донишмандони соҳа ин раванди бениҳоят муҳими илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳад дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ