​Пешвои миллат ва сиёсати иҷтимоӣ

Рушди маориф, илм ва фарҳанг. Истиқлолияти давлатӣ барои пешрафти соҳаи маориф, фарҳанг ва илм шароит ва имкониятҳои мусоид фароҳам овард. Соҳаи маориф ва илму фарҳанг аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти афзалиятнок эълон карда шуда, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва пешрафти ҷомеа эълон гардид. Маҳз бо шарофати иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат соҳаи маориф, илму фарҳанг дар Тоҷикистон бо суръат инкишоф меёбад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ҳамчун самти калидӣ аҳамияти хоса дода, маблағгузории ин соҳаро сол аз сол зиёд менамоянд. Агар соли 2000-ум барои соҳаи маориф 37 млн. 425 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2014 ба 2 млрд. 515 млн. 965 ҳазор сомонӣ ё 18,1% -и буҷаи мамлакатро ташкил намуд. Батарзи дигар маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2015 нисбат ба соли 2000-ум 78 маротиба афзудааст.

Барои рушди минбаъдаи маориф дар ҳаҷми 2 млдр. 918 млн. 639 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2014 - 401 млн. сомонӣ ё 15,9% зиёд мебошад.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат тайи солҳои 2000-2005 андозаи номиналии музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаи маориф 6,9 маротиба афзуда, аз 11 сомонии соли 2000-ум дар соли 2005 ба 76,3 сомонӣ баробар шуд. Тибқи маълумоти оморӣ музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаи маориф соли 2010 ба 279 сомонӣ, дар соли 2014 ба 699 сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2000-ум 63,5 маротиба зиёд аст.

Соли хониши 1991-1992 миқдори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 3179 адад (50 адад ғоибона)-ро ташкил мекарда бошад, дар зарфи 25 соли истиқлолият дар ҷумҳурӣ шумораи он 657 адад зиёд гардидааст. Дар ин давра, мактабҳои типи нав – литсею гимназияҳо, мактабҳои хусусӣ зиёд гашта, ҳоло дар ҷумҳурӣ 161 муассисаи типи нав, аз ҷумла, 85 гимназия (аз ин шумора 62 гимназияи давлатӣ, 23 гимназияи ғайридавлатӣ) 65 литсей (54 литсейи давлатӣ, 11 литсейи ғайридавлатӣ, 9 мактаби президентӣ) фаъолият доранд.

Дар даврони истиқлолият шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 43 адад ба 65 адад расида, сафи донишҷӯён дар ин муассисаҳо аз 40,7 ҳазор (соли 1991) ба 70 ҳазор (соли 2015) расид. Дар ин муассисаҳо аз рӯи 6 самт ва 140 ихтисос донишҷӯён касбу ҳунар меомӯзанд.

Таҳсилоти олии касбӣ дар замони истиқлолият ба дастовардҳои шоён ноил гардид. Агар дар соли 1992 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 70600 нафар донишҷӯ (аз ҷумла 21900 донишҷӯдухтарон) фаъолият мекарда бошад, соли 1997 ин теъдод ба 25 мактаби олӣ бо 76,700 нафар (20 000 духтарон), соли 2016 миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Дар муассисаҳои олии таълимӣ агар соли 1991 – 1835 нафар номзад ва 226 доктори илм фаъолият мекарда бошанд, пас имрӯз ин нишондиҳанда ба 2594 номзад ва 549 доктори илм расидааст.

Дар тӯли солҳои 1997-2015 ба 20 муассисаҳои таҳсилоти олӣ 16009 нафар донишҷӯ (95554 духтар, 6476 писар) тибқи Квотаи Президентӣ дохил шуда, донишгоҳҳои олиро хатм намуданд. Ҳоло дар муассисаҳои олии кишвар 5090 нафар (2608 духтар, 2482 писар) таҳсил доранд.

Соли 2013 бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Пешвои миллат дар соҳаи маорифи мамлакат таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст. 20-уми декабри соли 2013 Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва аз соли 2014 имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо низоми нави имтиҳонсупорӣ ба роҳ монда шуд.

Дар даврони истиқлолият пойгоҳи моддиву техникии илми донишгоҳӣ хеле рушд ёфт. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Паркҳои технологӣ” дар 12 муассисаи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ Паркҳои технологӣ ва дар 7 муассиса марказҳои илмию биотехнологӣ ва озмоишгоҳҳо таъсис дода шуданд. Бо мақсади тарбияи кадрҳои илмӣ-педагогӣ 12-уми августи соли 2014 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд ва аз 1-уми сентябри соли 2015 бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос шурӯъ гардида, беш аз 100 нафар олимони ҷавон ба ин низоми таҳсил фаро гирифта шуданд.

Илм ҳамчун омили калидии пешрафти ҷомеа дар замони истиқлолият дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Барои фароҳам овардани имконияту шароитҳои мусоид ва пешрафти илм дар даврони истиқлол беш аз 200 ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи илм қабул гардид. Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, “Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар қарорҳои Ҳукумат, ки ба манфиати дастгирии илм равона шудаанд.

Бо мақсади дастгирии молиявии тадқиқотҳои бунёдии соли 1996 Фонди Президентии тадқиқотҳои бунёдӣ таъсис дода шуд. Дар ҳамин давра, якчанд муассисаҳои нави илмӣ – тадқиқотӣ аз ҷумла, Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ, Маркази илмии Хуҷанд, Филиали Академияи миллии илмҳо дар Помир таъсис дода шуданд.

Мулоқоти аввалини Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо олимони кишвар 26-уми феврали соли 1996 баргузор гашта, Сарвари давлат дар ин мулоқот вазифаҳои асосии соҳаи илм, дурнамои инкишофи он ва нақши олимонро дар пешбурди рушди иқтисодиву маънавии кишвар муайян намуда буданд. Сарвари давлат таъкид намуда буданд, ки бе инкишофи илму фарҳанг пешрафти ягон давлат имконпазир нест.

Дар мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо олимони кишвар, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз 18-уми марти соли 2020 баргузор гардид, вазъи илм, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, дурнамои илми тоҷик ва саҳми он дар таъмини рушди иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръат таҳлил гардида, Президенти кишвар таъкид намуданд, ки “имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”.

Масъалаи рушди илм, хосатан, илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, истифодаи технологияи нав, баланд бардоштани тафаккури илмию техникии ҷавонон дар Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ мулоқотҳои ҳарсолаи Сарвари давлат бо аҳли зиё дар арафаи ҷашни Наврӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Имрӯз дар Академияи илмҳо беш аз 2000 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки 32 нафари онҳо аъзои пайваста, 52 нафар аъзои вобаста, 190 нафар доктори илм ва 360 нафар номзадҳои илм мебошанд.

Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди Академияи илмҳо қарор дорад, омода кардани кадрҳои илмӣ мебошад. Ҳоло бо ин мақсад дар магистратура ва докторантураи ин муассисаи илмӣ 1500 нафар ҷавонон, аз ҷумла 650 нафар ё 43% ба илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Илова бар ин, солҳои охир беш аз 100 нафар муҳаққиқони ҷавон дар муассисаҳои бонуфузи илмии хориҷи кишвар таҳсил карда, ҳоло дар сохторҳои Академияи илмҳо кору фаъолият мекунанд.

Ҳоло бештар аз 30 натиҷаи тадқиқоти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардида, аксари онҳо дар соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёти кишвар: кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химия, техникаи ҳисоббарор, геология, тиб ва ғайра амалӣ мешаванд. Дар замони истиқлолият аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ барои ихтирооти нав беш аз 250 патент ба даст оварда шуда, қариб 10 000 корҳои илмӣ, аз ҷумла, беш аз 2000 китобу рисолаҳо маҷмӯаҳои илмӣ ба нашр расиданд.

Яке аз далелҳои ғамхории Сарвари давлат нисбат ба кормандони илму фарҳанг дар он зоҳир мешавад, ки беш аз 50 нафар олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои давлатӣ унвонҳои ифтихорӣ ва Ҷоизаҳо сазовор гаштаанд.

Фароҳам овардани имконияту заминаҳои мустаҳкам ва омилҳои зарурӣ барои рушди илмҳои дақиқу техникӣ, табиатшиносӣ ва ҷомеашносӣ, хосатан, забону таърихи миллӣ ва ба ин васила, таҳкими сатҳи худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳофизаи таърихӣ ва ҳуввияти миллӣ яке аз хизматҳои шоиста ва хирадмандонаю ватанпарастонаи Пешвои миллат дар самти рушди илми тоҷик маҳсуб меёбад.

Фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавӣ, омили ваҳдатофар ва муттаҳидсози нерӯҳои зеҳниву ақлонӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар арзишҳои миллӣ дар ҷомеа мақоми махсус дошта, он дар давраи истиқлолият дар маркази таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор гирифт.

Пешвои миллат фарҳангро барҳақ ҷавҳари ҳастии миллат номидаанд. Дар натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир маблағгузории ин соҳа ба маротиб афзоиш ёфта, фарҳанг як самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат ба ҳисоб меравад. Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои рушди фарҳанг ва варзиш 13 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас соли 2016 бо назардошти тамоми манбаҳои маблағгузорӣ ва буҷет ҳаҷми он ба 825,3 млн. сомонӣ расонида шуд. Дар ҳамин давра, музди кормандони соҳаи фарҳанг 16 маротиба афзудааст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 2396 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 17 муассисаи театрии касбӣ, 6 муассисаи консертӣ, 96 муассисаи таълимии фарҳанг ва санъат, 1355 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ (аз ҷумла 76 китобхонаи бачагона), 327 қаср ва хонаи фарҳанг, 430 клуб, 56 клуби сайёр, 14 марказҳои марказҳои фарҳангу фароғатӣ, 7 филармонияҳои халқӣ, 46 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 театри халқӣ, 51 осорхона, 11 хона-осорхона, 23 ансамбли тарона ва рақс, 15 ансамбли шашмақомхонон, 7 ансамбли фалаксароӣ, 7 ансамбли эстрадӣ, 10 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 11 ансамбли рақсӣ ва ғайра фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ 360 рӯзнома (114 давлатӣ, 255 ғайридавлатӣ), 232 маҷалла (105 давлатӣ, 127 ғайридавлатӣ), 300 матбаа (35 давлатӣ, 265 ғайридавлатӣ), 44 нуқтаҳои фурӯши китоб, 70 нашриёт, 11 оҷонсҳои иттилоотӣ мавҷуданд. Ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ 42 осорхона, 2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 1278 бостонӣ, 441 таърихӣ-мономенталӣ, 300 ёдгорию меъморӣ, 220 шаҳракҳои қадима, 83 конҳои қадима, 70 қалъа, 110 мақбара ва масчидҳои таърихӣ, 43 катибаи рӯисангӣ ва 15 тасвирҳои рӯисангӣ, 654 макон ва талу теппаҳои таҳқиқнашуда ворид шудаанд. Танҳо дар 5 соли охир дар ҷумҳурӣ беш аз 16 қасри фарҳанг, 5 осорхона, 13 китобхона бунёд гардида, 305 китобхона, 101 қасрҳои фарҳанг таъмир гардиданд.

Фарҳанг ҳамчун омили ваҳдатсоз, пояи боэътимоди маънавии ҷомеа дар сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ҳамчун соҳаи афзалиятнок маҳсуб меёбад ва чун василаи тавонои ташаккули андешаи миллӣ тарбияи маънавию ахлоқӣ, муаррифгари чеҳраи миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Рушди тиб ва тандурустӣ. Дар солҳои аввали истиқлолият соҳаи тандурустӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ, бӯрони иқтисодию молиявӣ ба мушкилоти зиёд дучор гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ислоҳи вазъи бавуқӯъомада чораҳои заруриро андешид. Ислоҳоти соҳаи тандурустиро дар давраи истиқлолият шартан метавон ба чор марҳила ҷудо намуд:

Марҳилаи аввал – солҳои 1993-1996-ро дарбар гирифта, давраи мушкилтарини раванди ислоҳот, бартараф кардани таъсироти ногувори ҷанги шаҳрвандӣ ва ба эътидол овардани вазъи соҳа ба ҳисоб меравад.

Марҳилаи дуюм – солҳои 1997-2001-ро дарбар гирифта, дар ин давра пояи ҳуқуқии ислоҳоти соҳа мустаҳкам гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ”, “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005”, “Барномаи соҳавии ислоҳоти нигаҳдории тандурустӣ барои солҳои 1997-2001” ва ғайра қабул шуданд.

Марҳилаи сеюм – солҳои 2002-2009-ро фаро гирифта, дар ин давра амалисозии барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ оғоз гардид.

Марҳилаи чорум – солҳои 2010-2020-ро дарбар гирифта, бо татбиқи амалии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” рост меояд. Маҳз дар ҳамин марҳила бо иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди соҳаи тиб ва тандурустӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал меояд. Бояд қайд кард, ки соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон асосан аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ шуда, қисман сармоягузроӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ ба амал омадааст.

Буҷети соҳаи тандурустӣ дар ин давра аз 956 ҳазор сомонӣ ба 1 млрд. 263 млн. 900 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 1992 – 1322 маротиба, буҷети соли 2019 дар соҳаи тандурустӣ нисбат ба солҳои 2001 ва 2006 мутаносибан 56,9 ва 11,2 маротиба зиёд мебошад.

Агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 расидааст, яъне 1507 муассиса зиёд шудааст.

Агар дар давраи солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то шаш моҳи аввали соли 2020-ум 1071 муассисаи нави соҳа сохта ба истифода дода шудааст.

Танҳо соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуда, дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ ва барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.

Мутобиқи Амри Президенти мамлакат аз 22 майи соли 2018 доир ба амалӣ намудани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба муносибати 30 - солагии истиқлоли давлатӣ дар давоми солҳои 2018-2021 бунёди 358 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин ҳисоб 276 муассиса то аввали июли соли 2020 сохта ба истифода дода шуд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ музди меҳнати соҳаи тандурустӣ аз 3 сомонӣ ва 788 сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 1996 – 263 маротиба, нисбат ба соли 2001 – 131,3 ва нисбат ба соли 2006 24,6 маротиба зиёд мебошад.

Тарбияи мутахассисони соҳаи тиб масъалаи муҳим ба ҳисоб рафта, ҳоло дар мамлакат 2 донишгоҳи олии тиббӣ- Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, 23 коллеҷи тиббӣ ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб машғуланд. Дар 16 муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ, ки 11-тои он (69%) дар даврони истиқлолият таъсис дода шудаанд, имрӯз дар соҳаи тандурустии кишвар 775 нафар номзад ва докторони илм кору фаъолият мебаранд.

Хифзи саломатии мардум ҳамчун дороии давлат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро сарвари бебаҳо арзёбӣ намудаанд ва дар рушди ин соҳа тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд.

Дастгириҳои иҷтимоӣ. Дар замони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ зери таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дода шуда, дар ин замина, чораву тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Даҳҳо санади қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ” ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат ба тавсиб расиданд.

То соли 1991 дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамагӣ 54 ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ амал мекарданд ва тайи 29 соли сипаригардида шумораи онҳо ба 105 муассиса расонида шудааст. Имрӯз дар мамлакат зиёда аз 711 ҳазор нафар нафақахӯр, аз ҷумла 150 ҳазор маъюб, ки беш аз 27 ҳазори онҳоро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд, ба қайд гирифта шуда, қариб 15 фоизи хонаводаҳо ҳамчун оилаҳои камбизоати кишвар аз кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ бархӯрдор мебошанд.

Мувофиқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақахӯрон, аз ҷумла ба маъюбон ва кӯдакони маъюб фақат дар давоми соли 2019 ва шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат 3 миллиарду 960 миллион сомонӣ пардохта шудааст.

Аз 1-уми сентябри соли 2020 андозаи ҳадди ақали нафақа барои 14706 нафар кӯдаки маъюби то 18 -сола ва 14997 нафар маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2, ки аз кӯдакӣ кор намекунанд ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шуд.

Аз соли 2004 механизми нави пардохтҳои иҷтимоӣ, ба монанди кумакпулӣ ба хонандагон аз оилаҳои камбизоат, ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ, гази табиӣ ва кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷорӣ карда шудааст.

Механизми мазкур тадриҷан дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ карда шуда, дар маҷмӯъ, зиёда аз 470 ҳазор оилаи камбизоат аз ин кумакҳо бархурдор гардида, ба онҳо дар ҳаҷми 177 миллион сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин шудааст ва ҳоло пардохт шуда истодааст.

Ғамхорӣ нисбат ба нафақахӯрон, маъюбон, шахсони бесаробон монда, ятимон, оилаҳои камбизоат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат буда, дасти пурсаховат ва падаронаи ӯро шахсони ба кӯмаку дастгирӣ муҳтоҷ ҳамеша ҳис менамоянд.

Дастгирии ҷавонон, занон ва оила. Сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа ва пойдории оила яке аз самтҳои асосии фаъолияти Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Моҳи марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул шуда, дар ин замина 23-юми майи соли 1997 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон мулоқот намуданд. Дар натиҷа, тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» аз 23.05.1997, №727 ва «Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27.05.1997, №240 мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон таъсис ёфт. Соли 2006 бо таҷдиди сохтори нав Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои наздик Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон гирифта, ба фаъолият шурӯъ намуд.

Синни миёнаи аҳолии Тоҷикистон дар байни дигар ҷомеаҳо ҷавонтарин ба шумор меравад. Зеро 70% аҳолиро ҷавонони то 30 сола ташкил дода, ин нишондиҳанда торафт меафзояд. Дар ҷумҳурӣ 72 мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, беш аз 150 ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, 63 маркази ҷавонон фаъолият мебаранд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» ба тавсиб расидаанд, ки арзиши баланди илмиву ҳуқуқӣ ва маърифатӣ доранд. Ҳадафи асосии Стратегия, Консепсия ва Барномаи мазкур барои фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти фарох барои иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ва дар ин замина, тарғибу ташвиқи эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таъмини таҳсилоти муносиб, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, тарзи ҳаёти солими ҷавонон ва ғайра нигаронида шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дастгирӣ менамояд.Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барно­ма­ҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам овард.

Тибқи маълумоти оморие, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гардидааст, соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар корманд ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст. Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад. Хушбахтона, имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Яке аз ин санадҳо- Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа» аз 3-юми декабри соли 1999 дар вазъияте қабул шуда буд, ки дар ҷомеа бар асари бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ бозгашт ва таассубу хурофоти асри миёнагӣ нисбат ба занон ҳамчун ба хавфи ҷиддӣ дар роҳи рушди кишвар таҳдид мекард.

Ин фармон барои таъмини иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, болоравии нақши онҳо дар таҳкими ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузурге бахшид. Он барои таҳия ва қабули якчанд барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998-2005» (аз 10.09.1998 №363), самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (аз 8.08.2001,№39) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои барорбари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун асоси ҳуқуқӣ хизмат кард.

Натиҷаи ҳамин ғамхориҳост, ки зиёда аз 6000 нафар занҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат фаъолият мекунанд, ки зиёда аз 30 фоизи онҳо олимонро ташкил медиҳанд. Ин ҳама мояи ифтихори бонувони шуҳратманди тоҷик маҳсуб меёбад.

Оила. Дар ҷомеаи муосир оила ҷузъи муҳими давлат ва Ҳукумат эътироф ва ҳамчун муҳаррики аслии он пазируфта шудааст, ки рушди ҳаматарафаи ҷомеа, таълиму тарбияи фарзанд, беҳтар шудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, вазъи саломатӣ, билхоса маърифат ва фарҳанги оиладорӣ ва дигар шохаҳои давлатро бидуни оила тасаввур кардан имконнопазир аст.

Татбиқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 декабри соли 2015, №801), “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” ва амсоли инҳо шаҳодат медиҳанд, оила ва роҳу усулҳои мустаҳкамсозии он дар шароити муосир аз ҷониби давлату ҳукумат як самти афзалиятнок пазируфта шудааст.

Барномаҳои дурамали давлатӣ бо мақсади пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус, омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон роҳандозӣ мешаванд. Санадҳои меъёриву ҳуқуқии батавсибрасида ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, психологияи муошират, танзими оила, саломатии репродуктивӣ, пешгирии низоъ, зӯроварӣ ва ҷудошавӣ дар оила хизмат намуда, аз ҷониби ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ амалӣ мегарданд.

Дар даврони истиқлол ҷиҳати вусъати фаъолияти соҳибкории хурду миёна, фаро гирифтани занону духтарон ба касбомӯзӣ ва таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №45 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» ва тибқи Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки он барои беҳдошти сатҳи зиндагӣ, ба шуғли доимиву мавсимӣ ҷалб гардидани занону бонувон ва рушди оила таъсири мусбат хоҳад расонид.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат буд, ки дар асоси моддаи 7-уми қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 № 294 қарорро “Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”-ро ба тавсиб расонид, ки ин омил барои пешгирии низоъҳо ва зӯроварӣ дар оила замина гузошт.

Таъсиси 33 марказҳои буҳронӣ ва 3 паноҳгоҳҳои муваққатӣ дар назди мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятию байналмилалӣ, фаъолияти нозирони минтақавӣ дар раёсатҳои ВКД ҶТ дар вилоятҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ, таъсиси хонаҳои кӯмакрасонӣ ба осебдидагони зӯроварӣ дар назди 8 шуъбаи беморхонаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 105 маркази иттилоотию машваратии ҳуқуқӣ ва равонӣ дар назди шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нишонгари таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба пешгирии зӯроварӣ ва дигар падидаҳои манфии ҷомеа мебошад.

Дар роҳи мустаҳкамии оилаю оиладорӣ хоса, ба масоили танзими оила, ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ ва рушди он дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст, ки онро метавон яке аз тадбирҳои муҳим маънидод кард.

бознашр аз китоби "Рисолати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ