​Пешвои миллат ва равандҳои ташаккули давлатдории миллӣ

Санаи 15 ноябри соли равон дар толори раёсати донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат ва равандҳои ташаккули давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии тоҷикистон ” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар ибтидо иштирокдорони конференсия дар даромадгоҳи бинои раёсат аз дастовардҳои илмии олимон ва дастранҷи устодону донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба устодону донишҷӯён муаррифӣ намуд. Мавсуф зимнан қайд намуд, ки ҳадаф аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъда ва равандҳои нави ташаккули давлатдории миллӣ рушди бомаром, марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсия идоракунии президентӣ дар кишвар оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд. Тоҷибой Султонӣ – мудири шуъбаи рушди иҷтимоъ ва робита бо ҷомеи МИҲД Суғд номаи табрикотии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Президент ба самъи ҳозирин расонд. Сипас, Аҳмадзода Дилнозаи Даврон – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, роҷеъ ба аҳамияти таҷлили Рӯзи Президент ибрози назар намуда, афзуд, ки ба хотири эҳтироми фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ҳамасола 16 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.

Маликислом Наим Мунаввар – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир ба мақом ва манзалати ин санаи таърихӣ баёни андеша намуд. Дар идома профессор Нуралӣ Нурзод дар мавзӯи “Пешвои миллат ва шинохти адабиёт дар Тоҷикистон” маърӯза ироа намуд. Номбурда зимнан афзуд, ки сиёсати маънавиасос Пешвои миллат барои таҳаввули равандҳо ва мактабҳои адабиётшиносии муосири тоҷик ба равшанӣ эҳсос мегардад, ки дар ин миён идомаи суннатҳои хоси маҳофили бедилхониву мактаби бедилшиносии тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳамчунин дотсет Иброҳимҷон Ҷабборов – деакани факултети таърих ва ҳуқуқ дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон ва фарҳанги сулҳофарии тоҷикон” баромад намуда, таъкид дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва сулҳофаронаи худ кишварро аз вартаи нобудӣ берун овард ва мардуми парешонро сарҷамъ намуд.

Барномаи фарҳангии пешкаш гардида, бо руҳияи идонаву болидаи аҳли иштирокдорон ҳусни анҷом пазируфт.



Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ