Пешвои миллат: Ташаккули системаи сиёсӣ ва демократикунонии ҷомеа
Ташаккули низоми бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон. Дар давраи бозсозӣ роҳбарияти олии ҳизбию давлатии ИҶШС тадриҷан зимоми идоракуниро аз даст дода, ҲКИШ ҳамчун ҳизби ягонаи сиёсӣ ва қувваи пешбарандаи ҷомеа мақому нуфузи худро аз даст дода буд. Дар чунин вазъу ҳолати ногувори сиёсӣ моҳи феврали соли 1990 Плениуми КМ ҲКИШ дар бораи даст кашидан аз монополияи сиёсӣ ва идеологӣ, аз тарзи идоракунии маъмулӣ-фармонфармоии давлатӣ ва хоҷагӣ, такя кардан ба дастгирии интихобкунандагон дар доираи низоми бисёрҳизбӣ, даст кашидан аз низоми майдонтозии яккаҳизбӣ қарор кабул намуд.
Моҳи марти соли 1990 Анҷумани сеюми ғайринавбатии вакилони халқи ИҶШС ба моддаи 6-уми Конститутсияи ИҶШС тағйироту илова ворид намуд, ки дар он гуфта мешуд: “Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, ташкилотҳои дигари ҳизбӣ, иттифоқи касаба, ҷавонон, ташкилотҳои дигари ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ тавассути намояндагони худ, ки ба Шӯрои вакилони халқ интихоб шудаанд ва шаклҳои дигар дар таҳияи сиёсати Давлати Шӯравӣ, дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок менамоянд”.
Тағйироти мазкур дар Конститутсияи ИҶШС ба фаъолияти ҲКИШ ҳамчун ҳизби ягона ва яккатоз хотима гузошта, заминаи ҳуқуқии пайдо шудани низоми бисёрҳизбӣ дар мамлакат гардид. Дере нагузашта дар мамлакат ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ-Ҳизби демократӣ, Ҳизби Умумиитифоқии наҳзати исломӣ, Ҳизби либералӣ ва ғайра ба вуҷуд омаданд.
Дар Тоҷикистон низ пайдо шудани низоми бисёрҳизбӣ ва созмону ҳаракатҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба давраи бозсозии горбачёвӣ рост меояд.
12-уми декабри соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷикистон Қонуни ҶШС Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон”-ро қабул намуд ва қонуни мазкур заминаи ҳуқуқии бақайдгирии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, созмонҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ гардид.
Дере нагузашта дар ҷумҳурии мо ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, аз қабили Ҳизби демократии Тоҷикистон, маҳфили сиёсии “Рӯ ба рӯ”, созмони мардумии “Растохез”, созмонҳои “Эҳёи Хуҷанд”, “Лаъли Бадахшон”, “Ҳисори шодмон”, “Ваҳдат”, “Ошкоро”, “Ҳамдилон”, “Дирафши Ковиён”, “Таҷдид” ва ғайра пайдо шуданд. Аз ҷумла, Ҳизби демократи Тоҷикистон (10.08.1990), Ҳизби наҳзати ислом (6.10.1990), Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (10.12.1994), Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (8.03.1998), Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (20.10.2005) ва ғайра расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Бояд гуфт, ки нақшу нуфуз ва мақоми ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятие, ки дар Тоҷикистон дар солҳои бозсозии горбачёвӣ ва марҳилаҳои минбаъда пайдо шуданд, дар раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватанпарастӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявӣ, маънавии мардуми мо, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар як сатҳу радиф қарор доданд, аз воқеият дур аст. Гарчанде дар Барнома ва Оинномаҳои ин ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои дар боло зикршуда ҳадафҳои неку созанда баён шуда бошанд ҳам, мутаассифона онҳо мақсаду маром ва манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллии худро аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта, боиси муташанниҷ гаштани вазъи сиёсӣ, нороомӣ, халалдор гаштани субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммул дар ҷомеа гардида, оқибат сабабгори ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афтодани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо гардиданд.
Яке аз сабабгорони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон собиқ Ҳизби наҳзати ислом ва фаъолияти он барои расидан ба қудрати сиёсӣ бо роҳу василаҳои ғайриқонунӣ, кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва дигар қонуншиканиҳои беохир буд. Собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардида, фаъолияти он манъ карда шуд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизбҳои сиёсӣ дар чорчӯбаи қонун фаъолият дошта, дар интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 – уми марти соли 2020 иштирок намуданд ва соҳиби чунин фоизи овози раъйдиҳандагон гардиданд: Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,50%, Ҳизби демократи Тоҷикистон 5,10%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61%, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 3,11%, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,15 %, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 0,32% ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,40%.
Дар байни ҳизбҳои сиёсии мавҷуда Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки сарварии онро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дӯш доранд, ҳамчун ҳизби воқеан ҳалқӣ ва ҳимоятгари манфиатҳои мардум имрӯз қувваи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ин иттиҳоди шахсонест, ки манфиати онҳоро ба таври муташаккил ҳимоя мекунад. Ташкилотҳои ҷамъиятиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”, ки аз 12 майи соли 2007, № 258 қабул шудааст, ба танзим медарорад.
Ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз рӯйи мақсаду маром ва ҳимояи манфиатҳои қишрҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеа ба ташкилотҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ, касбӣ-эҷодӣ ва ғайра ҷудо мешаванд.
Мутобиқи маълумоти Вазорати адляии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло қариб 2 ҳазор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки расман аз қайди давлатӣ гузаштаанд, ворид карда шудаанд.Аз ҷумла, “Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон” (10.08.2007), “Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон” (4.07.2007), “Мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (23.07.2007), “Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанги Тоҷикистон” (3.07.2007), “Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1.08.2007), “Кумита оид ба кори ҷанговарон - интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон” (27.07.2007), Маркази ҳифзи муҳити зисти ҷомеа “Рушд” (21.06.2007), “Ҳамкорони тараққиёти иҷтимоӣ” (21.06.2007), Ҷамъияти Туркманҳои Тоҷикистон” (31.05.2007), “Бонувони баҳор” (18.06.2007) ва ғайра.
Бояд тазаккур дод, ки аз ташкилотҳои ҷамъиятии дар феҳрист номбаршуда, баъзеашон фаъолияти худро қатъ кардаанд.
Бо ибтикори Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997Шӯрои ҷамъиятӣ созмон дода шуд, ки аксари ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба он ворид ҳастанд.
Ташкилотҳои ҷамъиятии амалкунанда барои рушди мамлакат, корҳои созандагӣ, ваҳдату дӯстӣ, ҳимояи манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа саҳми муносиби худро мегузоранд.
Ташкилотҳои байналхалқӣ. Дар баробари ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ дар қаламрави Тоҷикистон наздик 100 ташкилотҳои байналхалқӣ низ фаъолият доранд, ки ба масъалаҳои иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҳифзи тандурустӣ, маориф ва ғайра машғуланд. Ба радифи ин ташкилотҳо «Ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ» (12.03.2008), «Хазинаи хайрияи байналмилалии ба номи академик Бобочон Ғафуров (30.12.2007), «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» (2.03.2010), «Эҳёи Сомониён» (14.04.2009), «Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шахидӣ» (14.11.2008), “Бунёди байналмилалии Шариф Ҷӯраев” (30.12.2007), “Зан ва оила» (28.03.2008), , «Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Булғория»(18.08.2010) ва ғайра дохил мешаванд.
Ташкилотҳои байналхалқӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, таҳкими равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар масъалаҳои илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва ғайра саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Марҳилаҳои асосии рушди шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Истилоҳи шаҳрванд-мафҳуми халқ, мардум, инсонҳо, фуқаро, ҷомеаро ифодаро мекунад. Дар ҷараёни бунёди давлату давлатдорӣ шаҳрванд ҷузъи таркибӣ ва ҷудонашаванда маҳсуб ёфта, яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаду мароми худро дар бораи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қотеъона эълон намуда, шоҳроҳи минбаъдаи рушду такомули давлату давлатдории тоҷиконро муайян карданд.
Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият аз марҳилаи оғози бунёди давлати навини миллӣ, истифода аз таҷрибаву суннатҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ба риояи принсипҳои ҳуқуқи умумибашарӣ истифода менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон талош меварзад, ки принсипу меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар (1948), Асноди асосии муоҳидаи Хелсенки (1974), Баёнияи Парижва дигар меъёрҳои ҳуқуқи башарро дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ риоя намоянд.
Қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон (1994) заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ гардида, дар он ба тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, зиндагии шоиста дар заминаи арзишҳои башарӣ ва миллӣ кафолат дода шудааст. Дар Тоҷикистон дар заминаи Конститутсия ба шаҳрвандон ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ, озодии виҷдон, сухан, гуногунандешии сиёсӣ, мафкуравӣ, муносибат ба дин кафолат дода шудааст.
Дар Паёмҳои Пешвои миллат, ки дар пояи таҳлили амиқи илмӣ, назариявӣ, амалӣ дурнамои рушди ҷомеа муайян ва мушаххас шудаанд, рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле возеҳ ва илман асоснок шудаанд. Дар Тоҷикистон имрӯз асоси ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ тарҳрезӣ гаштааст.
Ба андешаи Сарвари давлат ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд баробар бунёд карда мешаванд ва мазмуну мундариҷаи ҳамдигарро пурраву комил месозанд. Рисолати давлати ҳуқукӣ дар он аст, ки барои шаҳрвандони худ тамоми имкониятҳоро фароҳам орад, то ки ҳар як шахс нерӯи зеҳниву ҷисмонии худро дар ҳамаи самтҳои фаъолияташ дар асоси волоияти қонунҳои қабулгардидаи демократӣ ва таъмини баробарҳуқуқии шахс дар назди қонун пурра истифода карда тавонад.
Яке аз шартҳои зарурии ҷомеаи шаҳрвандӣ рушди моликияти хусусӣ мебошад. Барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ Сарвари давлат дар қатори таҳия ва қабули қонунҳои демократӣ, адолатпеша ва ба меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷавобгӯ, барои рушди иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон аз қабили умумиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, оилавӣ, эҷодӣ ва ғайра муҳайёнамудани шароитро зарур медонанд. Ба ҷумлаи чунин вазифаҳо ба танзим даровардани урфу одат ва расму оинҳои миллӣ низ дохилмешаванд. Шарти дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ мавҷудият ва амали ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ маҳсуб меёбад.
Рукнҳо ва шартҳои муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ чунинанд:
- ба шаҳрвандон додани имконияти бештар баҳри инкишофи ҳисси масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ дар ҷамъиятҳои мухталифи ҳунармандиву тиҷорат, ташкилу ривоҷи хоҷагиҳои гуногуни деҳқонӣ ва дигар шаклҳои иттиҳодияҳои шаҳрвандон;
- ба назар гирифтани фикру ақидаҳои шаҳрвандон, пешниҳоду талаботи қонунӣ ва қобили қабул;
- таъмин кардани иштироки васеи шаҳрвандон дар барномаҳои иҷтимоии давлат, ки ба инкишофи устувори ҷомеа равона шудаанд.
Пешвои миллат ҷомеаи шаҳрвандиро бо тамоми ҷузъиёташ шарҳ додаанд: «Ҳамин тавр озодии моддӣ, сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ, шахсӣ ва дахлнопазирии шарафи инсонӣ аз арзишҳои асосиву аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Яъне ҷамъиятеро, ки барои шаҳрвандони хеш тамоми шароити зарурии зисту зиндагӣ ва фаъолияти истеҳсоливу ҷамъиятиро муҳайё сохтааст, метавонем ҷомеаи шаҳрвандӣ номем. Шарти ниҳоят муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дахолати бевосита ва беасосу бедалели мақомоти давлатӣ озод будани шаҳрвандон аст. Аз ин лиҳоз, ташаккули заминаи қонунии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти қонунгузор ва намояндагӣ мебошад.
Дар ташаккули демократияи устувор амалкунада ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне сохти худтанзим ва ошкорои муносибатҳои байни одамон нақши калон мебозад.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмӯи муносибату сохтори байнишахсӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, дар ҷомеа бе дахолати бевоситаи давлат ва берун аз сохтори давлат инкишоф меёбад ва барои демократия, ҳуқуқу озодиҳои шахсият ва ҷомеа шароит муҳайё мекунад. Дар тӯли чанд соли охир дар натиҷаи барқарории сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ ташаббускории шаҳрвандон афзоиш ёфт. Дар натиҷа, як силсила ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ – иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии нав арзи вуҷуд намуданд ва ҳоло дар фазои иҷтимоӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ озодона фаъолият мекунанд».
Яке аз роҳҳои босамари бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ баланд бардоштани маърифатнокии занони деҳот маҳсуб меёбад, ки бояд ташкилотҳои давлатӣ, ғайриҳукуматӣ ва аҳзоби сиёсӣ фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намоянд, зеро хавфи ба хурофоти асримиёнагӣ кашидани занон дар баъзе минтақаҳои кишвар мавҷуд аст.
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти давлатдории навини тоҷикон, ташаккули низоми нави сиёсӣ ва демократикунонии ҷомеа, ташаккули бисёрҳизбӣ, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мувофиқ барои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, саҳми беандоза доранд. Тамоми масъалаҳо ва равандҳои дар боло зикршуда аз лиҳози назариявӣ дар асару мақолаҳо, Паёмҳои Президенти мамлакат, дар мусоҳибаҳо ва аз нигоҳи амалӣ дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи давлатдории Пешвои миллат инъикос ёфта, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт хеле бузург аст.
бознашр аз китоби "Рисолати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат"