ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии худро дар фазои дӯстӣ, амният, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамояд. Ин ҷашни бузурги миллӣ дастоварду пешрафтҳои кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ бозгӯ намуда, баёнгари устувории давлатдорӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик мебошад.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсозу стратегӣ ва дорои аҳаммияти муҳими сиёсиву иҷтимоӣ дар таърихи муосири давлатдории миллии тоҷикон мавқеи хосса дорад.
Ҳамасола ин санади муҳими давлатӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ва дурнамои рушди минбаъдаи онро муайян намуда, ҳамчун қутбнамои сиёсӣ дар таҳкими иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоиву фарҳангӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим мебозад.
Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони таваҷҷуҳ ва самимияти хос ба рушду бақои давлату миллат буда, далолат бар он мекунад, ки Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Боиси тазаккур ва ёдоварист, ки Пешвои муаззами миллат Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми декабри соли 2025 ироа намуданд.
Аҳаммияти Паём дар он аст, ки дар он на танҳо стратегияи рушди устувори Тоҷикистон барои оянда муайян карда мешавад, балки самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муайян гардида, ба рушди соҳаҳои муҳимми ҳаёт, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди иқтисоди сабз, татбиқи рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди илм, маориф ва фарҳанг диққати махсус зоҳир мегардад. Ин санад, инчунин, ҳадафҳои стратегии мамлакатро барои дарозмуддат, аз ҷумла расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, ҳифзи суботи иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи адолатпарвар дар заминаи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ муайян менамояд.
Аҳаммияти махсус зоҳир намудани Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва илм дар мамлакат натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, барои таҳкими худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан ва рушди ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон, инчунин аз худ намудани касбу ҳунарҳои гуногун дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
“Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”. Махсусан дар самти афзалиятноки кори таълим ибтидо аз зинаи таҳсилоти томактабӣ бояд шуруъ кард, то дар давраи гузариш ба мактаби таҳсилоти умумӣ хонанда бояд заминаи қавии ибтидоӣ дошта бошад. Оид ба гуфтугӯи озоду шево ва бурро бо забони модарии тоҷикӣ ва ҳамчунин аз иҷрои одитарин машғулиятҳои математикӣ ба осонӣ баромада тавонад. Бо дарназардошти қобилияти азхудкунии кӯдакону наврасон ва сифати таълим мо кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки боз ҳам бештар дар амалисозии тадбирҳои қабулгардида камари ҳиммат бандем, зеро дар Паёми навбатии Пешвои миллат супориши махсус ва пурифтихори касбӣ ба мо масъулини соҳа пешниҳод гардид, “ки забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.
Президенти мамлакат зимни суханронии худ бори дигар таъкид намуданд, ки соҳаи маориф бояд дар фаъолияти роҳбарии масъулони соҳа дар ҷойи аввал қарор дошта бошад. Бо дарназардошти имкониятҳои буҷетӣ ва дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ҳамасола маоши кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешавад, ки ин иқдом ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳа ва таъмини некӯаҳволии аҳолии мамлакат мусоидат менамояд. Тавассути расонаҳои давлатии кишвар ҳангоми шарҳу тавзеҳи Паём ва таъкидҳои саривақтии Пешвои миллат оид ба соҳаи маориф ҳар фарди худогоҳ эҳсос намуд, ки нуктаҳои муҳим ва дурнамои созандаи дар Паём баёнгардида дар қалби омӯзгорону кормандони соҳа ҳисси хушҳолӣ, умед ва бовариро ба вуҷуд овард. Ин руҳияи болида ва нури маърифатро метавон дар чеҳраву нигоҳи ҳар як омӯзгор ва корманди соҳаи маориф эҳсос намуд.
Пас аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар дорем, ки ҷавонони ватандӯсти кишвар минбаъд низ бо истифода аз илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши созандаву навоваронаи худ дар рушди илму инноватсия, татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологӣ, инчунин таҳкими минбаъдаи нуфузу мавқеи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҷавонон пайравони асили Пешвои муаззами миллат, идомадиҳандагони кору пайкори неки насли калонсоли кишвар ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони биҳиштосо мебошанд. Паёми Пешвои муаззами миллат барои ҳар яки мо ҳамчун роҳнамо ва барномаи амал дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини саодати мардум, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди устувор ва пешрафти Тоҷикистони азиз хизмат менамояд. Он моро ба созандагиву бунёдкорӣ, эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят намуда, ҳамчун пайки саодати фардо ва роҳнамои зиндагии шоистаи сокинони шарафманди кишвар арзишманд мебошад.
Аз ин рӯ, мо – ҷавонон ва кулли сокинони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгардида камари ҳиммат баста, бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва меҳнати софдилона дар роҳи ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Баротзода Зӯҳро Барот,
номзади илмҳои педагогӣ, муаллимаи кафедраи
педагогика ва психологияи томактабӣ