​ Пешвои миллат – раҳнамои ҷавонон

Таърихи 30-солаи Истиқлолияти давлатӣ собит менамояд, ки дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд.

«Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, – менависанд муаллифони китоби «Пешвои миллат бо ҷавонон», – дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ омаданд – пастию ноумедӣ, рӯҳафтодагӣ, гаронӣ ва роҳҳои бисёри ноҳамвори зиндагӣ онҳоро дучор омад, ки ҳар қадам, давра ба давра ва дар ҳалли ҳар як мушкилот Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҷавонон буданд ва онҳоро дастгирӣ ва пешвоӣ мекарданд: дар пастиҳо падарвор дастгири ҷавонон буданд; ҷавонони ноумеду рӯҳафтодаро ҳамчун намуна бо ёдоварӣ аз тазодҳои ҳаётӣ ва созгории хеш умед мебахшиданд; гаронии рӯзмараи шахсони ҷавонро ҳамчун бародар ва сарвар сабук ва ҳал менамуданд; ҷавононро дар роҳҳои ноҳамвори зиндагӣ ҳамчун дӯст, рафиқ ва пешво ҳамроҳӣ ва ҳидоят мекарданд, ба онҳо роҳ мекушоданд. Хулоса, Пешвои миллат бо ҷавонон буданд ва ҳастанд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.

Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам...

Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад» .

Дар тақвияти ин гуфтаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ибрози андеша намуда, аз ҷумла, қайд карда аст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд.

Бо назардошти ин, мо аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар намудем...

Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд».

Омўзиш ва таҳлили татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон собит менамояд, ки вай марҳалаҳои гуногунро тай кардааст:

Марҳалаи якум – аз моҳи марти соли 1992 то моҳи июни соли 1997. Ин марҳала аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» оғоз гардида, то баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ идома меёбанд.

Дар ин марҳала саҳифаи навинро дар инкишофи ҳаракати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 1992 «Дар бораи сиёсати ҷавонон» боз намуд.

Ташаккул ва муайянсозии роҳу равиши минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавонон баъди Иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Сарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон 2-юми феврали соли 1993 бо ҷавонон мулоқот намуд. Он вақт оташи ҷанг ҳанӯз хомӯш нагардида, дар баъзе ноҳияҳо садои тиру туфанг ба гӯш мерасид. Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нутқи пурмазмуни барномавии худро чунин оғоз намуда буд: «Имрӯз дар ин толор ман аз чеҳраи кушоди шумо гармии чеҳраи ҷавонони ҷумҳуриро эҳсос мекунам. Мақсад доштам қаблан бо падарону пирони барнодили рӯзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо ҷавонии шумо ақидаамро дигар кард, маро водор сохт, ки аввал бо шумоён вохӯрӣ намоям.

Мехоҳам, ки дар ин суҳбати рӯёрӯй андешаҳои худро иброз дошта, ҳадафҳоямро фаҳмонам. Дар ин толор ҷавононе ҳастанд, ки барои пешравии ҷомеаи мо маслиҳату пешниҳоди муфид медиҳанд».

Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентябри соли 1993 дар ҷамъомади Шўрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, 17-уми марти соли 1994 дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ширкат варзида, ҷавононро вазифадор кард, ки манфиати халқу давлатро нисбат ба ҳадафҳои рўзмарраи гурўҳҳо, ҳизбҳо ва созмонҳои алоҳида болотар гузоранд ва чун як тан барои ягонагии Тоҷикистон, осоиш ва некӯаҳволии халқ саъю талош намоянд.

«Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад» – таъкид карда буд роҳбари мамлакат.

Бори нахуст дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии ҷавонон ба таври возеҳ муайян карда шудааст.

Воқеаи фаромўшнашавандаи таърихии ҳаракати сиёсии ҷавонон – мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23-уми майи соли 1997 буд.

Ин мулоқот ба даврае рост омад, ки раванди расидан ба оштии миллӣ ба фарҷоми мантиқии худ расида буд. Ҷараёни нобоварию мухолифат бар марҳилаи ҳамкорӣ дар роҳи бунёди давлати демократии Тоҷикистон табдил ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи бунёдкорӣ ворид сохтани ҷавононро яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор овардааст. Ӯ ҷавононро қувваи бузурги бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол меҳисобад. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватанпарастӣ, муносибати эҳтиромона ба гузаштаи таърихӣ таваҷҷӯҳи махсус дода, ҷавононро таъкид менамояд, ки аз фаъолияти қаҳрамононаи насли калонсол ибрат гиранд. «Вақте ки ҷавононро барои бунёди роҳи оҳани Термиз – Душанбе, азхудкунии заминҳои Вахш, каналҳои калони Фарғонаю Ҳисор, роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, сохтмонҳои азиме чун Нерӯгоҳи барқии Норак ва ғайра сафарбар карданд, онҳо бо фидокорӣ ва қаҳрамонии беназири худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштанд».

Бо мақсади амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» Эмомалӣ Раҳмон 23-уми майи соли 1997 фармонро «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» имзо намуд. Тибқи фармон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки масъалаи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми майи соли 1997 дар бораи таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад шуъбаи сиёсати ҷавонон ба фаъолият шурўъ кард. Таъсис ёфтани кумитаи мазкур дар ҳалли масоили сиёсати давлатии ҷавонон оғоз гардидани марҳилаи нав буд.

Марҳалаи дуюми татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон (аз июни соли 1997 – моҳи июни соли 2004) аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири навро дарбар мегирад.

Бо имзорасии Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи муҳими тақдир­соз шурўъ шуд ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти сохторҳои давлатӣ баҳри татбиқи сулҳ, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани обрўи байналхалқии кишварамон кўшишҳои арзандаю назаррас ба харҷ доданд.

Самти дигари сиёсати ҷавонон дастгирии соҳибистеъ­додҳои ҷавон мебошад. Баҳри дастгирии онҳо 26-уми феврали соли 1998 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, омўзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо», 20-уми марти соли 1998 «Дар бораи таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» ба тасвиб расид.

16-уми майи соли 1998 мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаво­нони лаёқатманд баргузор гардида, рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» баъди танаффуси тўлонӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Омили муҳими марҳилаи мазкур ба корҳои роҳбари­кунанда пешбарӣ кардани ҷавонон буд.

Тавассути Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлис­ҳои маҳаллии вакилони халқ» намояндагони арзандаи ҷавонон сазовори мандати вакилӣ гаштанд.

Аз ҷумла, Тоҷиниссо Маҳмадова, Мирзодавлат Одинаев, Абдуманнон Холиқов, Давлатаҳмад Саидов, Лайлӣ Бобоева, Ёқубҷон Исмоилов, Раъно Самиева вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Санавбар Хоҷаева, Қосимҷон Қосимов, Рашид Мирзоев, Ҳамидулло Алишеров узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси Олии кишвар 23-юми май «Рўзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда шуд.

Марҳалаи сеюм аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав (июли соли 2004) ибтидо гирифта, то таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфтааст.

Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13-уми марти соли 1992) дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи­кистон таҳаввулоти иҷтимоию сиёсӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ гузаронида шуд. Бо мақсади ба танзим даровардани муноси­батҳои нави ҷамъиятӣ, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина қувватгирии сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани фазои мусоидаткунандаи меъё­рию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон зарурати даровардани тағйиротҳо ба Қонуни асосии ҷавонон ба миён омад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми марти соли 2004 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. 9-уми июни соли 2004 дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид.

8-уми июли соли 2004 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ҷонибдорӣ кард.

«Вобаста ба тақозои замон, – қайд намуда буд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо намояндагони ҷавонони мамлакат 21-уми майи соли 2005, – соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷавонон заминаи боэътимод фароҳам овардааст…

Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки татбиқи он аз сохторҳои гуногуни ҳукумативу ҷамъиятӣ фаъолияти муштаракро тақозо менамояд.

Аз ҷониби дигар масъалаҳои ҷавононро бо истифодаи нерӯи созандаи онҳо ба манфиати рушди давлату ҷомеа бо роҳи фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат метавон ҳаллу фасл кард. Инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва нерӯи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст»].

23-юми майи соли 2013 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар доир гардид. Мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонон ҳамчун идомаи марҳалаи амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ дар маҷмўъ, 840 миллион сомонӣ равона кардааст.

Марҳалаи чорум аз таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (19-уми июли соли 2015) оғоз меёбад. Таъсиси Шўро иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар оянда робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин менамояд.

Тағйиру иловаҳои ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-юми майи соли 2016) воридшуда барои фаъолияти ҷавонон майдони боз ҳам фарох кушода, ҷиҳати иштирок дар идоракунии давлат ва интихоб ба мақоми роҳбарии шохаҳои ҳокимият заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳамзамон, як қатор имкониятҳои конститутсионии ҷавонон дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 12), иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат (моддаи 27), меҳнат (моддаи 35), истироҳат (моддаи 37) ҳифзи саломатӣ (моддаи 38) иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа (моддаи 40), таҳсил (моддаи 41) ва монанди инҳо амалӣ гардида истодаанд.

Айни ҳол шумораи ҷавонони то синни 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳад.

Далели ин гуфтаҳо ба вазифаҳои раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ, раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва дигарон мебошанд.

Вобаста ба таҳсил Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст, то насли ояндасози миллат аз илм, техника ва технологияҳои замони муосир баҳравар бошанд ва давлати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ сазовор муаррифӣ намуда, парчамбардор ва посдори фарҳанги миллӣ бошанд. Дар ин замина гирифтани таҳсили ройгон дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимии кишвар ва таҳсилоти олӣ дар хориҷи мамлакат кафолат дода шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ имрӯз дар 39 мактаби олии Тоҷикистон 170 ҳазор донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат бошад, 30 ҳазор ҷавон бо ихтисосҳои замони муосир таҳсил карда истодаанд [4].

Ширкати хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бештар гардида, дастовардҳо низ дар ин самт зиёданд.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 теъдоди гирандагони Стипендияи Президентӣ 100 адад зиёда гардид, ки дар умум 400 нафар муҳассилони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сазовори номи баланду бошарафи гирандаи Стипендияи президентӣ гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2017 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷалби гирандагони Стипендияҳои президентӣ маҳфили доимоамалкунандаи «Стипендиантҳои ҷавон» фаъолият намуда истодааст.

Яке аз механизмҳое, ки айни замон ҷавонони соҳибилмро гирди ҳам овардааст, ин дар фазои илмии кишвар фаъолият намудани Шӯрои олимони ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар соли 2015 Низмономаи Шӯрои олимони ҷавон аз нав қабул шуд, ки дорои 18 бюро буда, айни ҳол 200 нафар олимону муҳаққиқони ҷавон узви он мебошанд. Инчунин, солҳои охир шумораи ихтирокорони ҷавон рӯ ба рушд мебошад.

Инчунин ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ то имрӯз 140 нафар олимону муҳаққиқони ҷавон қадрдонӣ гардидаанд, ки аз онҳо 32 нафарашонро бонувони ҷавон ташкил медиҳанд.

Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (27-уми майи соли 2016) саҳифаи зарринро дар таърихи ҳаракати ҷавонони кишвар ибтидо гузошт.

Сарвари давлати тоҷикон, Раиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ стратегияи нави ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон бо таври возеҳу равшан муайян ва чунин иброз намудааст: "Имрӯз масъалаҳои зиёди ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори кишвар, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, неругоҳҳои хурду бузург, сохтмони садҳо иншооти иҷтимоӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар корҳои шоиставу созанда ҷавонони моро интизоранд.

Барои амалӣ гардидани ин корҳои бузург аз ҳар як ҷавони ватандӯсту ватанпарвар дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тақозо мегардад. Умед дорем, ки ҷавонони мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо мебароянд ва минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоянд».

Ҷавонони Тоҷикистон дар сохтмони иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» фидокорона меҳнат кардаанд. 16-уми ноябри соли 2018 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат чунин сухан иброз намуд: «Аз 23 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» чиҳил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд».

Саҳифаи навро дар ҳаёти ҷавонони мамлакат пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-уми декабри соли 2016) боз намуд, ки дар он омадааст: «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад.

Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Ҷавобан ба талошҳои пайгирона ва ҳамвора бо ҷавонон будани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, насли ҷавони кишвар, бахусус, ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатмандро мебояд тамоми нерӯ ва тавоноии хешро баҳри рушди устувори Ватани хеш – Тоҷикистон, татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, пос доштани таъриху тамаддун ва арзишҳои миллӣ, дастовардҳои давраи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллию суботу осудагии ҷомеа равона карда, зимнан, ба наслҳои дигар онҳоро мерос гузоранд.

НАБИЕВ В. - профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ