​Пешвои миллат – ҳомии сулҳу ваҳдат

Имрӯз, 16 ноябр дар факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик ва кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик чорабинӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомии сулҳу ваҳдат” баргузор гардид. Декани факултет М.Тиллохоҷаева ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ хидматҳои Пешвои миллат ибрози назар намуд. Сипас, дотсент С.Аъзамов дар мавзӯи “Пешвои миллат ва 30 дастоварди баргузидаи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуда, қайд дошт, ки нақши Пешвои миллат дар таърихи давлатдорӣ ва рушду такомули адабиёт басо назаррас аст. Ҳамчунин М.Дадоҷонова - муаллимаи калони кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳ ва ваҳдати тоҷикон”, дотсент М.Мавлонова дар мавзӯи “Симои Пешвои миллат дар шеъри муосири тоҷик” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни факултет композитсияи адабӣ, муаррифии асарҳои Пешвои миллат ва суруду таронаҳо ба иҷро расиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ