Пешвои миллат ҳомии сулҳу субот

Сулҳ дар гул – гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,

Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.

Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,

Хоби орому табассумҳои хуррамкӯдакон.

Дар ҳақиқат, сулҳ манбаи хушбахтии ҳамаи тоифаи одамон, аз кӯдакон то модарон ва асоси гул-гул шукуфӣ ва сарсабзии кишвар аст. Сулҳ таҷассумгари шодию нишон, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш, чун ҳарвақта масъалаи сулҳу субот ва оромиву осоиштагиро аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ зикр намуданд, ки ин бесабаб нест.

Хушбахтона, ҳоло мо зери роҳбарии Сарвари давлат дар кишвари орому осуда зиндагӣ мекунем. Мутаассифона, шоҳиди он низ мегардем, ки дар давлатҳои ҳамсоя ва аксари давлатҳои ҷаҳон вазъи ниҳоят муташанниҷу ҳассос ва ноором ҳукмфармо аст. Чуноне, ки Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, мардуми мо, ки дар гузашта таҷрибаи ҳузнангези ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, моҳияти оромиву осоиштагӣ, сулҳу суботро хуб дарк менамояд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки дар муддати кӯтоҳ кишварро аз вартаи ҷангу бало наҷот бахшида, мардуми сарсонгаштаро ба Ватани аҷдодиашон баргардонанд. Дар раванди бунёдгузории давлати тозаистиқлол ҷомеаро ба иқдомҳои бузурги ободониву созандагӣ роҳнамоӣ карда, Тоҷикистонро ба биҳишти воқеӣ дар рӯи замин табдил диҳанд. Натиҷаи ҳамин заҳмату талошҳост, ки имрӯз давлати моро чун як давлати сулҳхоҳу сулҳҷӯй мешиносанд ва тамоми давлатҳои дунё бо мо риштаҳои дӯстӣ ба роҳ монда истодаанд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон мардуми кишвар дар вазъияти сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ зиста, дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонпирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.

Мардуми тоҷикзабонро даҳр бишносад кунун,

З-он ки бошанд ҳар нафас ваҳдатсарои манзилам.

Толиби сулҳанд доим мардуми тоҷикзабон,

Такя бар онҳо намояд қавми соҳиб манзилам.

Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат дар баромади хеш дар Нью-Йорк оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда суханронӣ намуданд. Вақте, сухан дар бораи сулҳу субот меравад, падидаи муҳими дигареро низ бояд зикр намуд, ки он ҳам Ваҳдати миллӣ мебошад. Зеро сулҳу ваҳдат ду падидаҳоеанд, ки ҳамҷо қадам мезананд ва аз ҳамдигар ногусастанӣ. Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсонят буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро танҳо бо будани ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешавад. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва халқ орому осода зиндагӣ менамояд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон боиси омӯзиши сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ гашта, ба наслҳои оянда хидматгузорӣ хоҳад намудаву барои бунёдкориҳо нақши бағоят арзанда хоҳад бозид.

Президенти мамлакат яке аз роҳҳои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишварро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, эҳтироми забони модарӣ, расму оинҳои фарҳангӣ ва либоси миллӣ, тарбия намудани насли наврас ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии онҳо медонанд. Дар ин ҷода, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбия гирифтани наврасону ҷавононро вазифаи аввалиндараҷаи хеш ва ҳар як шаҳрванди худогоҳи ватан қарор доданд.

Аз гуфтаҳои боло ба хулоса меоем, ки сулҳ асоси зиндагии мост. Сулҳ шоистатарин неъмати рӯи замин аст. Сулҳи тоҷикон на танҳо ба кишвару миллати тоҷик сафо бахшид, балки амнияту оромии минтақаро устувортар гардонид ва давлатҳои ҳамсояву гирду атрофи мо аз баракати ин сулҳ баҳравар гаштаву имрӯз тараққӣ намудаанд. Бояд, қайд намуд, ки ҷангу ҷидол ва душманӣ ба ҷамъият танҳо харобию даҳшат меорад. Дар ҳақиқат, ҷанг офатест, ки ободиҳоро вайрон месозад. Доғи ҷанг як умр дар дили одамон мемонад. Сулҳ бошад офтоби дурахшон аст, ки аз нурҳои ҷонбахши он олам мунаввар мешавад. Мо устодонро месазад, ки ҷавобан ба ғамхориҳову дастгириҳои Пешвои миллат илму донишандӯзиро ба ҷавонон вазифаи ҷонии хеш шуморем ва чун фарзанди фарзонаи давлати хеш саҳми худро дар ободу сарсабз намудан ба пойдории сулҳу суботи кишвар гузорем.


Муаллими калони кафедраи

назария ва амалияи забони

англисӣ Қобилова Ф.Х.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ